Бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус дар саросари кишвар корҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ шуда, ҷойҳои пурҷамъият, нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дӯкону мағозаҳо бо маводҳои кимиёвӣ поккорӣ карда мешаванд. Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии идорӣ дар роҳандозии корҳои санитарӣ кумак мерасонад.
Чунончӣ, воҳидҳои махсуси КҲФ аз ҷумлаи наҷотдиҳандагон, кормандони тиб ва химикҳои Кумита тӯли чанд рӯзи охир дар поксозии биноҳои наздик ба онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстони вилояти Суғд корҳои сатитарӣ мегузаронанд. Дар ҷараёни роҳандозии ин корҳо наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти махсун доруҳои хлордор мепошанд.
Бинои як қатор вазорату идораҳо, кумитаҳо ва муассисаҳои тиббӣ низ поксозӣ шуданд. Ҳамчунин наҷотдиҳандагон дар қаламрави баъзе хонаҳои истиқоматӣ низ корҳои поксозии атрофи биноҳо, зинаҳоро анҷом доданд.
Ҳамчунин дар дорухонаҳо ва ҷойҳое, ки одамон зиёд равуо мекунанд, низ корҳои поксозӣ роҳандозӣ мешаванд.
Дар худи идораи наҷоти кишвар ва ҳамаи воҳидҳои сохтории он низоми ҳатмии риояи ҷиддии беҳдошт ба роҳ монда шудааст, то хавфи сироят бо короновирус коҳиш ёбад.