КҲФ огоҳ мекунад: боронҳои сахт дар назаранд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилооти Агентии обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 5 майи соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар шакли борону жоларезиҳои шадид ва раъду барқ боқӣ хоҳад монд. Санаи 4 май дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон вазиши шамол бо шиддати то 12-17 м/с дар назар аст.

Дар роҳҳи кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел, тарма ва сангрезиҳо пешгӯӣ мешаванд. 2-3 майи соли 2020 болоравии якбораи сатҳи оби дарёҳое, ки аз доманаҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва Вахш сарчашма мегиранд, ҳамчунин дар шохобҳои дарёи Зарафшон (Айнӣ) тахмин мешавад.

Дар робита ба ин Кумита бо исрор аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки тадбирҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сафар ба кӯҳсор, ҷамъоварии занбӯруғҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар мавзеи кӯҳсор мерӯянд, худдорӣ кунанд, Ҳамчунин, ҳавои тағйирёбанда чарондан ва нигоҳубини чорворо дар чарогоҳҳо мушкил мекунад.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш дар роҳҳои автомобилгард, хусусан ҳангоми истифода аз роҳу ағбаҳои кӯҳӣ, КҲФ аз ронандагоне, ки воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша доранд, исроркорона хоҳиш менамояд, ки ҳаракати худро шабона маҳдуд созанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хоса реҷаи суръати таъингаштаро риоя кунанд.

Ҳамчунин КҲФ ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар дар наздикии ҳавзу дарёҳо қарор доштан ва ба моҳигирӣ машғул шуданро тавсия намедиҳад. Обҳои дарёҳо метавонанд соҳилҳои паст, заминҳои кишоварзиро пахш кунанд, қитъаҳои роҳро шӯянд, инчунин ба амнияти кӯпруку сарбандҳо таҳдид кунанд.

КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки ҳамаи ҷӯю заҳбурҳои воқеъ дар наздикии хонаҳои худро тоза кунанд. Кумита ба ашхосе, ки ба бемориҳои дилу рагҳо гирифторанд, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва бо худ доруҳои таъиншударо дошта бошанд.

Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё ба қисми навбатдорӣ бо рақами 223 13 11 занг занед.