Мулоқоти генерал Назарзода бо Патрик О’Коннор

5-уми майи соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба  COVID-19 бо сарварии ҷаноби Патрик О’Коннорро ба ҳузур пазируфт.

Раиси Кумита ҳайати СҶТ-ро бо система ва ҷадвали вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.

Дар ҷараёни мулоқот диққати асосӣ ба масъалаи пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои густариши короновирус «COVID-19» равона гардид.

Сарвари КҲФ ба намояндагони СҶТ пешниҳод намуд, ки дар таъмини муассисаҳои тибии Тоҷикистон то техникаи тиббӣ, воситаҳои ҳимояи шахсӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ барои қабул ва муолиҷаи беморон кумаки фаврӣ расонад.

Дар поёни мулоқот ҷаноби О’Коннор барои ин дидору суҳбатҳои муфид ва ироаи ахбори муфассал изҳори сипос намуд ва иброз дошт, ки Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ  минбаъд низ хостори ҳамкориҳо ҷиҳати роҳандозии чорабиниҳои якҷоя роҷеъ ба ҳар масъалаи мавриди алоқа мебошад.