Идомаи корҳои поксозӣ ва таблиғоти зидди короно дар Суғд

Корҳои безарагардонӣ рӯзи 5 май низ аз ҷониби наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд ва ҳам наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд дар  23 адад биноҳои 5-9 ошёна иборат аз 2-11 даромадгоҳҳои махаллаи 8-ум ва 19-уми шаҳри Хуҷанд ва коргоҳи дўзандагии Амир воқеъ дар маҳаллаи 19-ум, ки бо омода намудани бандинаҳои тиббӣ машғуланд,  корҳои безараргардонӣ бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлорид натрий гузаронида шуд.  Дар баробари ин аз ҷониби гурўҳи безараргардонии Раёсат дар қисми ҳарбии  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  сару либоси зимистона ва лавозимотҳои хоби сарбозонро бо воситаи автомошинаи махсуси дезинфексионӣ (ДДА) пок амуданд.

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои мазкур инчунин аз ҷониби афсарони масъули Раёсат бо истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур дар бораи короновирус ва роҳҳои сирояти он нақл карданд.  Таъкид гардид, ки аҳолӣ худ бояд дар пешгирӣ ва паст кардани хавфи сироят саҳм гузоранд, баҳри таъмини саломатии шахсӣ ва наздикон бетараф набошанд, ба тавсияҳову дархостҳои Вазорати тандурустӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъият риоя намоянд.

Дар ҷараёни корҳои таблиғотӣ аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, гуфта шуд, ки пешгирӣ беҳтар аз бартарафсозист. Аз ин рӯ, риояи қоидаҳои бехатарӣ шарти аслии сироят наёфтан ба ин вирус мебошад.

Дар поёни ҳар мулоқот бо аҳолӣ ҳамчунин варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда мешаванд.

Шаҳзодахон Бутаева,

сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат

лейтенанти калон       

барчасп: