Истифодаи беш аз 5 тонна маҳлули гипохлорит барои поксозии як маҳал дар пойтахт

Гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти короновирус ба корҳои поксозии кӯчаҳо, муассисаҳо, майдонҳову хиёбонҳо идома медиҳанд.

Дирӯз дар маҳаллаи Бӯстони шаҳри Душанбе кормандои КҲФ дар хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои маишии қаламрави ин маҳал корҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ карданд. Аз ҷумла, қаламрави бозорҳои маҳалла, истгоҳҳои нақлиёт бо истифода аз маҳлулҳои кимиёвӣ поксозӣ шуданд. 

Дар ин тадорукот гурӯҳҳои зудамали КҲФ бештар аз 5 тонна маҳлули гипохлорит истифода намуданд. 

 Ғайр аз ин бо мақсади роҳандозии корҳои таблиғотӣ ҳамзамон бо дорупошӣ кормандони Кумита миёни мардум дар бораи короновирус ва роҳҳои ҳимоя аз он суҳбатҳо мегузаронанд ва ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ тақсим мекуннад. 

Дар мошинҳои таблиғотӣ наворҳои таблиғотӣ низ намоиш медиҳанд ва қоидаҳои таъмини амният дар ҳоли короновирусро амалан нишон медиҳанд.