Корҳои беҳдоштӣ дар хонаҳои истиқоматӣ ва кӯчаву бозорҳои шаҳри Хуҷанд

Дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд  корҳои безараргардонӣ идома доранд. Ин корҳо бо роҳбарии афсарони Раёсат подполковник Абдусамадов Муҳиддин, подполковник Холов Алишер, майор Нуралиев Зуҳуриддин, подполковник Абдуллоев Мирзораҳим ва аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд, наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд Роҳандозӣ мешаванд.

Гурӯҳи зудамал боз ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар  биноҳои баладошёнаи истиқоматӣ,  дар 70 даромадгоҳҳои маҳаллаи 32, 33, 34-ум, маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд,  бозори марказии "Фаровон", 73 хонаҳои истиқоматии маҳаллаи Обшорони  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои безараргардонӣ бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлориди натрий гузаронида шуд.
Дар баробари гузаронидани корҳои поккорӣ аз ҷониби афсарони масъули Раёсат бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои мазкур корҳои тарғиботӣ низ роҳандозӣ шуданд. Гуфта шуд, ки аҳолӣ бояд дар пешгирӣ ва коҳиши хавфи сироят саҳм гузоранд, баҳри таъмини саломатии шахсӣ ва наздикон бетараф набошанд, тавсияҳову дархостҳои Вазорати тандурустӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намуда, тибқи он амал намоянд.
Корҳои безараргардонӣ ва тарғиботӣ дар вилояти Суғд идома доранд.

 

Шаҳзода Бутаева
 

барчасп: