Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии мамлакат 14-уми майи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон (ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ) ҳавои номусоид дар назар аст. Боронҳои шадид, раъду барқ ва дар баъзе манотиқ боридани жола пешбинӣ мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои кишвар шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво рӯзона 6-8 дараҷа коҳиш меёбад.
Дар иртибот ба номусоидии обу ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Ноҳияҳои тобеъи марказ ва навоҳии ғарбии ВМКБ болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо эҳтимол дорад.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад чораҳои бехатарии шахсиро ҷиддан риоя кунанд, аз сафарҳои безарурат ба доманакӯҳҳо ҷиҳати ҷамъварии занбӯруғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар ин гуна минтақаҳо мерӯянд, худдорӣ кунанд. Ҳамчунин муваққатан ба чорвочаронӣ нараванд, чун ҳавои номусоид вазъро мураккаб мекунад ва боиси ҳар гуна ҳодисаҳо шуда метавонад.
Бо мақсади пешгирӣ аз аз ҳодисаҳои нохӯш дар роҳҳои мошингард, бахусус ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, хоҳиш мекунад шабона ҳаракатҳои худро маҳдуд созанд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо дар вақти боду борон ронандагон бояд ҳатман ва ҷиддат қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, бахусус ба боло бурдани суръати ҳаракат роҳ надиҳанд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя созанд.
Ҳамчунин Кумита аз сокинони назди махзанҳои об хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо ба моҳидорӣ нараванд. Ҷараёни об метавонад ногаҳон соҳилҳои пастро пахш кунад, хавфи омадани сел ва кандани сарбандҳову пулҳо низ вуҷуд дорад.
КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад сари вақт ҷӯю каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хасрубаҳо ва лойю лойқа пок кунанд, то об бемамониат гузарад ва хавфи зери об мондани заминҳову хонаҳо пеш наояд.