Омори нави CОVID-19 дар Тоҷикистон: 2140 мубтало, 470 нафар шифо ёфтанд, 41 тан фавтиданд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 20 майи соли равон дар мамлакат  3532 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 595   нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ҳамзамон, то соати 17:00 дақиқаи 20 май дар  кишвар 2140  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида,  аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 470 нафар шифо ёфтаанд. То санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 41  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир  ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар хабарномаи худ Вазорат гуфтааст, ки дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.