Поккории ҳудудан 2 ҳазор хонаҳои сокинон аз ҷониби Раёсати Кумита дар вилояти Суғд

Дар як рӯз аз ҷониби кормандони Дастаи махсуси наҷоти  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва бахши хуҷандии он беш аз 20 адад хонаҳои баландошёна поккорӣ мешаванд. То ба имрӯз зиёда аз 2000  ҳавлиҳои шаҳрвандон дар маҳаллаҳои Чорчароғ, Хуҷанд, Тути калон, Шарқ ва ғайра поккорӣ шуданд.

Ин корҳо бо истифода аз маҳлули гипохлорит натрий ва дорупошакҳои муҳаррикдор ташкил ва гузаронида шуда истодаанд.


Дар баробари роҳандозии чорабиниҳои мазкур инчунин аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии Раёсат бо раисони маҳаллаҳо, шахсони масъул корҳои тарғиботии ташвиқотӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ гузаронида мешаванд, ки дар он мутахассисони Раёсати Кумита низ фаъолона ширкат мекунанд. 

Маврид ба таъкид аст, ки корҳои поккорӣ ва таблиғотӣ  бо дастгирии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд гузаронида мешаванд.

Шаҳзодахон Бутаева,

сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат
лейтенанти калон

барчасп: