Дуюмин боздиди Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз маҳалли офат дар ноҳия Хуросон зарфи се рӯзи охир

Зарфи се рӯзи охир Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бори дуюм аст, ки ба ноҳияи Хуросон меравад ва шахсан бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолати фавқулодда шинос мешавад, бо мардуми рустоҳои осебдида ҳамсуҳбат мешавад ва барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар корҳои бартарафсозӣ чораҳо меандешад.

28 – уми майи соли равон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар қаламрави ҷамоатҳои деҳоти С.Айнӣ ва Ҳилолии ноҳияи Хуросон, ки рӯзҳои 14-16-уми майи соли 2020 бар асари омадани сели азим зарар дида буданд, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз ин минтақа дидан кард. 

Раиси Кумита бо рафти корҳои таъмириву барқарорсозӣ ва сохтмон ошно шуд, аз кӯчаҳо дидан кард, манзилу кошонаҳои осебдидаро дид, ҳамчун бо аъзои ситоди бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ, ки аз нахустин рӯзҳои ин рӯйдод таъсис шуда буд, кормандони ташкилотҳои пудратӣ, ки корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонро пеш мебаранд, ҷаласа баргузор намуд.  

Баъдан сарвари КҲФ бо сокинони осебдидаи деҳаҳо ва ҷамоатҳо мулоқот намуд. Дар ҷараёни суҳбатҳо сокинон ба ҳама талошҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати кумакҳои фаврӣ ва дастгирӣ барои зудтар бартараф намудани оқибати ин офати табиӣ изҳори сипос карданд. 

Маврид ба зикр аст, ки зарфи се рӯзи охир Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бори дуюм аст, ки ба ноҳияи Хуросон меравад ва шахсан бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолати фавқулодда шинос мешавад, бо мардуми рустоҳои осебдида ҳамсуҳбат мешавад ва барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар корҳои бартарафсозӣ чораҳо меандешад.

Таъкид бамаврид аст, ки корҳои барқарорсозӣ ба марҳилаи ниҳоӣ худ расидаанд.