КҲФ тафтиши фаъолияти сарварони Ситодҳо ва фармондеҳони қисмҳои низомиро оғоз кард

Як гуруҳи корӣ, ки ахиран бо фармони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, сатҳи омодагиву корбарии Ситодҳои минтақавӣ ва фармондеҳони воҳидҳои низомии тобеъи Кумитаро меомӯзад.
Бо мақсади омӯзиши вазъи амалӣ, тафтиш ва арзёбии самаранокии фаъолияти роҳбарони ситодҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда, фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумита, ҳамчунин таҳияи чораҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо ба иҷрои вазифаҳои таъиншуда бо фармони Раиси Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ барои роҳандозии тафтиш созмон дода шуд.
Гуруҳи корӣ аз ҷониби муовини Раиси Кумита полковник М.Салимзода сарварӣ карда мешавад ва он дар ҷараёни тафтиш ҳолати кор барои бартараф намудани камбудиҳоеро, ки дар тафтиши охир, дар нимсолаи аввали соли равон ошкор карда шуда буданд, месанҷад.
Ҳадафи аслии тафтиш муайян намудани вазъи амалии корҳо оид ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба мақомоти маҳаллии КҲФ дар самти мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин муайян намудани сатҳи омодагиҳои касбӣ ва сафарбаркунӣ, сифати иҷрои санадҳои қонунӣ ва меъёрии кишвар, фармонҳо, дастурҳо ва раҳномоиҳои Кумита ва шароити хизмати ҳарбӣ мебошад.  
Натиҷаи тафтиш дар ҷаласаи ҷамъбастии Коллегияи Кумита баррасӣ хоҳад шуд.