COVID -19: Эҳтимолан дар Фаронса баргузории тӯйҳо манъ шаванд. Кашфиёти олимони Калифорния коронавирус Sars-Cov-2-ро нобуд мекунад

Бегоҳии 15-уми сентябри соли ҷорӣ шумори гирифторони коронавирус КОВИД-19 дар олам  29 миллиону 386 ҳазору 502 эълон шуд. То кунун аз ин беморӣ дар саросари ҷаҳон 931 ҳазору 250 нафар фавтиданд, ки бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон 70 нафари онҳо ҳамватанони мо мебошанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ афзоиши фавт аз коронавирус дар Аврупоро пешбинӣ кардааст. Ин созмон мегӯяд ба эҳтимоли зиёд моҳҳои октябр ва ноябри соли равон дар натиҷаи авҷи мавҷи дуюми КОВИД-19 теъдоди фавтидагон дар ин қитъаи олам бештар шавад.

Дар Британияи Кабир самароварии воксани COVID дар шакли ингалятсия  (муолиҷаи роҳҳои нафас ба воситаи доруи ба газ ё буғ табдил додашуда) таҷриба мешавад. Таҳқиқотҳои пеш аз ин нишон доданд, ки воксанҳое, ки бо ин роҳ ворид карда мешаванд, назар ба тазриқ меъёр ё вояи нисбатан камтар талаб мекнанд.  

Сарварони минтақаҳои ҷануби Фаронса пешниҳод карданд, ки ба сабаби авҷи нави коронавирус тӯйҳо манъ карда шаванд. Гуфтанист, ки зарфи як ҳафтаи охир дар Фаронса сирояти бештари одамон ба коронавиурс ба қайд гирифта шуд. 

Аввалин санҷиши клиникии воксан аз коронавируси нав рӯзи душанбе дар Испания оғоз мешавад.

Дар Русия 80 дарсади катҳои беморӣ барои беморони мубтало ба коронавирус банд шудаанд. Дар айни замон дар ин кишвар бо 22 ҳазор кат барои беморони вазнин холист. 

Ба донишмандони Донишгоҳи Калифорния воқеъ дар Сан-Франсиско муяссар шудааст, ки молекулаи сафедае созанд, ки қодир аст басо пурсамар коронавирус Sars-Cov-2-ро аз миён барад. Агар бар пояи он аэрозол сохта шавад, ин дору метавонад ҳам барои табобат  ва ҳам барои пешгирӣ аз КОВИД-19 истифода шавад. 

Дар Руминия мактабҳо боз шуданд. 2,8 миллион мактаббачагон вориди синфхонаҳои таълимӣ шуданд. Мақомот доштани ниқоб барои муаллимон ва хонандагонро ҳатмӣ эълон карданд.   

Шуморои сироятшудагон ба COVID-19 дар Русия зарфи як шабонарӯзи гузашта 5529 нафар буд. Гуфта мешавад, ки дар 84 минтақаи ин кишвар шахсони нав сироятшуда ба қайд гирифта шуданд, ки бештари онҳо дар шаҳрҳои Москав (730), Петербург (206) ва вилояти Ростов (165) мебошанд. 

Ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки 640 миллион сом (650 миллион рубли русӣ)-ро барои мавҷи эҳтимолии вируси корона дар ин кишвар захира кардааст.