Муколамаи байналмилалӣ ва табодули таҷриба

Кормандони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, тибби ва байналмилалии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сентябри соли 2020 дар кори Муколамаи кишварҳои узви СММ барои Осиёи Марказӣ дар мавзӯъи “КОВИД-19: Табодули таҷриба ва стратегияи вокуниш, давраи гузариш ва устуворӣ дар низоми вируталӣ” ширкат намуданд.

Дар ин муколама ҷаноби Октавиан Бивол – Сарвари Дафтари минтақавии Раёсати СММ дар Аврупо ва доктор Дорит Нитзан, Директори ҳолатҳои фавқулодаи Бюрои минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо суханронӣ карданд. 

Дар ҷараёни муколама намояндагони идораҳои ҳолатҳои фавқулода ва вазоратҳои тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи таҷрибаҳо ва сабақҳову бардоштҳо аз чораву табдирҳои андешидашуда дар минтақаҳои худ изҳори назар намуданд. 

Дар бораи нақши Кумита дар роҳандозии тадбирҳои зиддиэпидемӣ дар замони пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд полковник Ҷамшед Камолов маърӯза кард. Вай дар бораи ташкили гурӯҳҳои зудамал барои роҳандозии корҳои зиддиуфунӣ, бо нақлиёт расонидани кумакҳо ба ниёзмандон, интиқоли шаҳрвандони омада аз хориҷ ба  маконҳои таъиншуда барои карантин сухан ронд. Ҳамчунин ёрии созмонҳои байналмилалӣ, ки воситаҳои ҳимоявӣ, василаҳои антисептикӣ ва таҷҳизот барои роҳандозии корҳои безараргардонӣ ба КҲФ кумак карданд, зикр шуд. Чунончӣ, СҶТ 15 маҷмуаи оксигенераторҳоро барои хадамоти тибии КҲФ тақдим намуд. 

Дар Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015 – 2030 зикр мегардад, ки хатар беш аз пеш системавӣ ва мураккаб мешавад. Вазъ дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон, ки якуми май сарбанди Сардоба рахна шуд ва сели азими 14 май дар Тоҷикистон, яъне дар замони чораву тадбирҳои маҳдуд дар иртибот ба КОВИД-19 ёдоварии возеҳи мураккабии хавфу хатар ва оқибатҳои он мебошад.  Ягона роҳи расидан ба ҳадаф тавассути равиши муштараки системавӣ оид ба пешгирӣ, тавонмандӣ, омодагӣ ва вокуниш дар ҳама сатҳҳо мебошад. Кишварҳо бояд якҷоя кор кунанд, ки чӣ гуна ба оқибатҳои пандемия беҳтар омода шаванд ва хавфҳои мавҷуда ва ояндаро коҳиш диҳанд.

Қарор аст дар оянда як силсила муколамаҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии СҶТ ва намояндагии минтақавии СММ дар Аврупо гузаронида шавад.