Саҳифаи нав: Қиссаҳои ҷуғрофӣ

Ин саҳифаро чунин унвон кардем. Ва шояд хонанда суол кунад, ки ҷуғрофия ба ҳолатҳои фавқулодда чӣ иртибот дорад? Посухашро дар ин як муқаддимаи мухтасар меорем. Як бахши муҳими ҷуғрофия кишваркушоиҳо буд, ки аксаран ба фоҷеаҳои гӯшношуниди башарӣ анҷом меёфтанд. Машҳуртарин кишваркушоёни олам фарҷоми фоҷеабор доштанд. Дар аксар ҳолатҳо мавҷи пурталотуми баҳру уқёнусу дарёҳо киштиҳоро пора-пора мекарданд ва аз сарнишинон, онҳое, ки дар дил ҳазорон орзу доштанд, ба коми обҳои хурӯшон мерафтанд. Суханро дароз намекунем. Инак, он сарсухани ваъдагӣ:

«Шоҳ мурд. Зинда бод шоҳ!»

Шоҳ мефавтид. Баъди як зиндагонии тӯлониву тӯфонӣ вай як кишвари паҳноварро, ки бо дастони худ сохта буд, мерос мегузошт. Кишваре, ки ту гӯи рӯйи Замин ҳамин аст: дар он мазраи ҳосилхез ҳам буд ва кӯҳҳои сар ба афлок кашида низ, бешазорони анбӯҳ, баҳрҳои нопайдоканор ва саропо асрор. Замоне, ки вай сари қудрат омад ва тахти шоҳиро соҳиб шуд, ин ҳама аслан вуҷуд надошт. Марзи ин давлат аз остона то қасри ӯ вусъат дошт. Олами номаълум, душман ва асрорангез ӯро аз чаҳор ҷониб иҳота карда буд. Чӣ водор карда буд, ки хидматгоронаш зодгоҳи худро тарк кунанд ва тарсро фаромӯш карда, ба истиқболи ин номуайянии хатарнок роҳ пеш гиранд? Ва шоҳ ба хубӣ медонист, ки танҳо шумори хеле кам асрори ин оламро медонистанд ва ё хоҳиш доштанд бидонанд. Дурахши тилло, бӯйи борут, ташнагӣ ба ҳокимият буд, ки танҳо ба хотири он раияти содиқи вай солҳои дароз рафтанд ва баъзеҳо барои ҳамешагӣ рафтанд ва дигар ба марзу буми падарӣ барнагаштанд. Ё дар роҳ қурбон шуданд ва ё дар заминҳои нав сукунат ихтиёр карданд. Ҳарчи буду набуд ба шарофати онҳо  замини таҳти фармонфармоии вай аз сол ба соли дигар васеъ мешуд ва замоне ҳам расид, ки мисли имрӯз сарватманду васеъ шуд. 

Аз миёни пилкҳои чашмонаш шоҳ ба хидматгооронаш, ки сари бистари ӯ менишгастанд, менигарист. Онҳо низ он солҳои қаҳарамониро пеши назар меоварданд, рӯйдодҳое аз лавҳи хотирашон мегузашт, ки акнун чун як давра пушти сари таърих мемонд. Амвоҷи ваҳшатноки дарёҳо, ки киштиҳоро дарҳам мешикаст ва ба соҳил партов мекард, ҷангҳои шадид ва басо бераҳмона бо қабилаҳое, ки худро сокинон ва соҳибони мулк медонистанд, сафарҳои азиятовар аз тариқи биёбонҳои беоб ва бешазорони касногузар, ки то кунун пои касе ба он  марзу бум нарасида буд, кишварҳои саросар кӯҳсор ва уқёнусҳое, ки на авалашон пайдо буду на охирашон...

Аммо ҳамаи ин акнун ба ҳукми таърих аст, гузашта аст ва дигар такрор намешавад. Он чӣ буд, гузашт. Ва ҳоло чашму гӯшу ҳуши ҳамагон ба бистаре нигаронида шуда буд, ки шоҳи бемор хобидааст ва сари болини вай писари ӯ, чун валиаҳд истода. 

Ин писар ҳанӯз бачаи кучаке буд, ки падарашро дар сафарҳояш ҳамроҳӣ мекард, бо вай аз маконҳои пурхатар мегузашт, аз обҳои шӯр мечашид, сардиҳову гармиҳоро бо вай пушти сар мегузошт. Дар ҳама ҷо бо вай буд, ба мисли он ки онҳо ҳамин як сарнавишт доштанд: будану рафтан бо ҳам. Аммо ҳоло шоҳи солманд дар дами марг аст.

Ва садои табиб баланд мешавад ва ба ҳамагон мерасонад: “Шоҳ мурд!”, ҳамаи истодагон нигоҳи матамзада ва чашмони ашколуди худро боло карданд ва ба сарвари наву ҷавон рӯ оварданд ва бо тантана ба забон оварданд: “Зинда бод шоҳ!” Ва акнун аз ҳамин дақиқаҳо бори гарони идораи ҳокимият ва густариш додани густараи давлат, кушоиши қитъаҳои нав ба шонаҳои вай уфтод. Вай мебоист кори оғозкардаи пешгузаштагонро идома медод. Ва бигзор шоҳони ҳамсоя ӯро бо шӯҳрати бемисли падараш бишносанд, аниқтараш хидматгорон ҳоло истедоду маҳорати шоҳи ҷавонро намедонанд ва намешиносанд. Вай ҷавон аст ва бо хазинаи пурсарвати падараш неруманд аст, зери пои вай як кишвари муқтадирест ва маҳорату заковати ӯро оянда нишон хоҳад дод. 

«Зинда бод шоҳ!»

Дақиқан маълум нест, ки география кай мурдааст. Шояд ин замоне рух дод, ки маллоҳони рус таҳти фармондеҳии Беллинсгаузен ва Лазарев охирнин қораи ношинохтаи Замин – Антрактидаи яхбастаро кашф карданд. Шояд дар оғози асри ХХ, ки муҳаққиқони хастагинопазир Қутби Шимол ва Ҷануби Сайёраро кашф карданд. Ва шояд хеле ба ҳамин назикиҳо, ки киштиҳои кайҳонӣ ба географҳо ёрӣ расонданд, ки ба харитаи олам охирин ҷазираҳо ва кӯҳҳои номаълумро дохил кунанд.

     География (аз калимаи юнонии «гео» — Замин, «графо» — менависам) тадриҷан вазифаи худро иҷро намуд, ҳамаи заминҳои ном аълумро кашф кард, онҳоро номнавис намуд ва ба харита дохил кард, ҳамаи қитъаҳои олам, ҷазираҳову нимҷазираҳо, кӯҳҳову дарёҳо ба харита дохил карда шуданд. Албатта, ҳоло боз ҳам лозим аст ҷойгиршавии баъзе дарёҳо, кӯлҳо, ҷангалҳоро дақиқтар навишт, пайваста кӯҳнаҳоро нав кард, шаҳрҳо, роҳҳо, рустоҳои навбунёдро ҷой гиронд, бояд барои ҷаҳонгардону сайёҳон маълумотномаҳои сафарӣ навишт...

Вале оё ин илме барои асри 21 аст? Кори худро ба анҷом расонда география имрӯз аз илми рушдёбанда тадриҷан ба як бинои таърихии яхзада, ба пайкараи кашшофиҳои гузашта табдил шуд. Аммо гузашта барои ин фан  тӯфонӣ буд. Ҳеч илме ба пояи география шавқовару пурсарнавишт набуд. Румонҳои адибони шуҳратёри олам Жюл Верн ва Майн Рид, Александр Дюма ва Стефан

Свейг бар пояи таърихи дақиқ, кашфиётҳову кушоишҳои пурҳангома навишта шудаанд. Дигаргуна ҳам намебуд, чун ин илмро на олимони дафтарнишин бунёд гузоштанд, балки дар саромади он касоне қарор доштанд, ки умри азиз сарфи сафарҳои пурхатар кардаву қадам ба қадам оламро тай кардаанд. Дар рӯйхати географҳои машҳур шумо бо номи роҳзанҳо вомехӯред ва ҳам маҷароҷӯёнеро ҳам мешиносед, авбошон, террористон ва ҳатто ҷинояткорони давлатиро ҳам мебинед. Онҳо тилло меҷустанд, вале ҳамзамон бо кушоишҳои худ дар олам шуҳрат ёфтанд. Онҳо қудрат мехостанд ва моҷаро меҷустанд, аммо ҳамзамон бо ин ном ёфтанд, шуҳрат пайдо карданд ва номашон дар таърих сабт ёфт, вале на чун ҷинояткору моҷароҷӯ, балки кашшофи як гӯшаи олам.

Албатта, дар миёни  инҳо кам набуданд касоне, ки танҳо ба хотири донистани Замине азми сафар карда буданд, ки дар он зиндагонӣ мекнунанд. Вале вақте ба роҳ мебаромаданд, фаромӯш намекарданд, ки дар миёнашон ханҷар банданд, камарбанд дошта бошанд, мусаллаҳ бошанд, камон дошта бошанд. Зеро медонистанд, ки ин сафар сафарест, ки хатарҳое ба дунбол дорад. Зеро кушоишҳои географӣ на зери зарби навишти қалам ва ҳарф болои дафтар навиштан, балки зери садои даҳшатафкани тӯпҳо, тири аркебуз (навъи туфанг), сару садои заврақҳои бодбонии шикаста муяссар мешуд. Дар ин роҳ ҷонҳои ширин аз даст мерафтанд, одамон куштаву захмӣ мешуданд... 

(Идома дорад)