Covid-19: Ӯзбекистон аввалин кишваре шуд, ки доруи русии зидди коронавирус бо номи “Авифавир” вориди дорухонаҳои он гашт

То субҳи 26-уми сентябри соли равон дар олам 31 миллиону 769 ҳазору 106 нафар мубталоён ба Covid-19 ба қайд гирифта шуданд. Аз коронавирус то кунун 993 ҳазору 540 нафар ҷон бохтаанд. Шумори дар як шабонарӯз ҳалокшуда бар асари ин беморӣ 2 ҳазору 507 нафар буд ва теъдоди сироятшудагони нав 105 ҳазору 667 нафар. Сироят ба коронавирус КОВИД-19 дар саросари олам ба шиддат меафзояд.

Директори барномаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар самти тандурустӣ Майкл Райан аз ҳукуматҳо даъват намуд, то ба ҷорӣ намудани карантини шадид омода бошанд.   

Дар қораи Аврупо Фаронса мушкилтарин рӯзҳоро бо коронавирус пушти сар мекунад. 

Олмон Ҷумҳурии Чех, Люксембург ва бахше аз Австрияро барои коронавирус минтақаи хатар эълон кард.   

Ҳукуматдорони Швейсария  Белгия, Дания, Нидерландия, Португалия ва боз 10 кишвари дигарро ба рӯйхате ворид кардаанд, ки хатари бештар барои сироят ба коронавирус доранд. 

Ёвари Вазири тандурустии Русия Алексей Кузнетсов гуфт, ки болоравии сатҳи сироят ба коронавирус дар ин кишвар аз аввал пешгӯӣ шуда буд.

Дар Ҳинд мубталоён ба КОВИД-19 ба 5,82 миллион нафар расид. Шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар бештар аз 86 ҳазор нафари дигар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. 

Шабонарӯзи гузашта дар Қиғизистон 175 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки 13 нафари онҳо кормандони тиб буданд. Зарфияк ҳафтаи охир сироят ба ин вирус дар Қирғизистон ду баробар афзудааст.   

Ин шабу рӯз дар муассисаҳои табобатии Ӯзбекистон 3 ҳазору 64 нафар ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд. Шумори фавтидагон дар кишвари ҳамсоя аз КОВИД-19 ба 449 нафар расидааст. Ӯзбекистон аввалин кишваре шуд, ки доруи зидди коронавирус бо номи “Авифавир” вориди дорухонаҳои он шуд. Ҳамчунин қарор аст дар наздиктарин фурсат то 35 миллион воя воксани “Спутник V" ворид карда шавад.