Курунои шоири тоҷик Бузургмеҳри Баҳодур. Аломатҳои нави КОВИД-19: Бе таб. Як илоҷи дигари ҳам табобат ва ҳам муқовимат. Медонед чӣ будааст?​

Шоири ҷавони тоҷик Бузургмеҳри Баҳодур дар саҳифааш дар Фейсбук менависад, ки курунои бидуни таб идома дорад. Шоири шинохта ва муаллифи чандин маҷмуаи шеърӣ, корманди нашрияи “Ҷумҳурият” ахиран аз мубтало шуданаш ба коронавирус навишт. Вай бархилофи нишонаҳои пешини КОВИД-19 нишонаҳои дигарро овард, ки худ таҷриба мекунад. Инҳо:

1. Дарди мушакҳо

2. Дарди кафаси сина

3. Ковиши меъда (дилбеҳузурй)

4. Хунукхурй

5. Нафаҳмидани буй ва лаззат

6. Хушкшавии даҳон

7. ва бемадорй бидуни таб мегузуранд...

Лутфан, эҳтиёт шавед... Мо таҳаммул карда истодаем...

Дар ҳошияи ин навишта садҳо тан аз дӯстони шоир барояш аз даргоҳи Худованд шифо хоставу баъзеҳо маслиҳатҳо ҳам додаанд. Аз ҷумла, шоираи тоҷик ва яке овозхонҳои хубу дӯстдоштанӣ Шоираи Раҳимҷон навишт:  “Яке аз роҳи халосӣ аз ин беморӣ медонӣ чист? Хурдани маҷбурӣ. Ҳадди ақал дар як рӯз субҳу шом як коса ордбирёни бо равгани зағир омодашударо дам бикаш. Ҳис мекунӣ ҳолат дигар мешавад. Тавсия медиҳам. Дар Амрико, дустони яҳудиёни Бухоро бо ин усул бархостанд. Бемор нашав, гапамро гир, додарам”.

Ҳар дардеро давоест. Баъзе давоҳо мардумиянд, ки одамон аз таҷриба ба он ихлос доранд. Ин роҳи муолиҷа ҳам аслан масрафи чандоне надорад. Шояд муфид аст, ҳаддиақал барои қувват ёфтану бо ин маризии баттол муқовимат карда тавонистанд.

Шояд касоне, ки мубталоянд, инро ҳам месанҷанд?