Covid-19: Дар ИМА тифле бо антитела ба Covid-19 ба дунё омад, ки аз модараш гирифтааст

Баъди эмкунӣ бо воксани “Спутник ягон ҳодисаи марг ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора рӯзи сешанбе дар як брифинги матбуотӣ директори Маркази  ба номи Н.Ф.Гамалеи Александр Гинсбург хабар дод. Воксани мазкур дар ҳамин Марказ тавлид шудаву имрӯз дар як қатор давлатҳои олам роҳ ёфтааст.

Энтони Фаучи, Сармутахассиси бемориҳои уфунии ИМА гуфт, ки сокинони мамлакат аз 4 – уми июл метавонанд бо гурӯҳҳои бузургтар гаштугузор кунанд. Бино ба маълумоти  марказҳои федералии назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА наздик ба 21% аҳолии иёлотҳо ё худ беш аз 71 миллион нафар дозаи аввали воксанро гирифтаанд ва тахминан 11,5%, ё худ 38,3 миллион нафар бо дозаи дуюм ҳам эм шудаанд.

Дар ИМА тифле бо антитела ба Covid-19 ба дунё омад, ки аз модараш гирифтааст.

Марҳилаи дуюми эмкунии аҳолии Мексика бо воксани русии «Спутник V» аз 17-уми март оғоз мешавад.

Камбуди воксан ва қатъи истифода аз воксани AstraZeneca дар Олмон муҷиби он мешавад, ки дар ин кишвар воксани русии  "Спутник V" аз КОВИД-19 нақши муҳим ифо кунад. Дар ин бора рӯзи гузашта The Guardian истинодан ба таҳлилгарони олмонӣ иттило дод.

Эрон ба санҷиши беморхонаии воксани тавлиди ватанӣ бо номи “Фахрӣ” оғоз кард. Санҷиш дар ҳайвонот бо муваффақият анҷом шуд ва самароварии доруро нишон дод. Ин воксан ба номи олими эронӣ Муҳсин Фахризода, ки кушта шуда буд, номгузорӣ шудааст.

Чин ба СММ воксани зидди коронавируси тавлиди худро пешниҳод намуд ва ният дорад 300 ҳазор доза аз онро барои нерӯҳои сулҳофари СММ дар Африқо ройгон бахшад.

Зарфи як шабонарӯз дар Русия боз 9393 нафар сироятшудагони нав ба коронавирус сабт шуданд.

То охири соли 2021 Вазорати тандурустии Қазоқистон интизори 12 миллион дозаи истифодаи воксани зидди КОВИД-19 хоҳад монд.

Бонки умумиҷаҳонӣ ба Қирғизистон то 25 миллион доллар барои харидани воксани хориҷии зидди коронавирус хоҳад дод. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ин бонк барои амалисозии як лоиҳа дар Қирғизистон 50 миллион доллар ҷудо мекунад, ки ин ба мардуми қирғиз кӯмак хоҳад кард, то мушкилоти дар натиҷаи ҷорӣ намудани таълими фосилавӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо бо сабаби пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадаро осон кунад.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон назоратро аз болои риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар ҷойҳои истиқомати муваққатии коргарон дар сохтмонҳо пурзӯр мекунад, хабар доданд рӯзи 16 – уми март.

Ба мошинҳои таксӣ инчунин аломатҳои "таксиҳои бехатар" гузошта мешаванд. Барои ин, ронанда бояд ниқоби тиббӣ дошта бошад, антисептик дар дохили мошин бошад, дохили он бояд тозаву озода бошад. 

Қарори қатъӣ дар мавриди истифода аз воксани AstraZeneca дар Тоҷикистон ин ҳафта эълон мешавад. Дар ин бора рӯзи 16-уми март Вазорати тандурустии кишвар иттило дод.