Activities calendar

18 марти 2021

Тадбирҳо барои таъмини бехатарии аҳолӣ дар Суғд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, Шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, чораҳои саривақтӣ андешидакорҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозиро идом а медиҳанд.

Президенте, ки ба ҷиддияти коронавирус шак меовард, аз олам даргузашт. Танзания дар мотами 14-рӯза нишаст

Президенти Танзания, ки ҳамеша ба ҷиддияти коронавирус шак меовард, аз олам даргузашт.   ВВС истинодан ба ноиби президенти ин кишвар Самия Ҳасан гуфтааст, ки Ҷон Могуфули рӯзи чоршанбе дар синни 61-солагӣ тарки олам кард. Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки муддати як ҳафтаи охир президенти Танзания дар маҳзари ом намудор намешуд. Мухолифони давлат ҳамеша ба мубталоии ӯ ба коронавирус ишораҳо...

Роҳандозии чораҳои пешгирикунанда дар Ҳисор

17 – уми марти соли 2021 бо мақсади омодагиҳо ба мавсими обхезиҳову селҳои эҳтимолӣ дар ҷамоати Шарораи шаҳри Ҳисор кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисор якҷо бо намояндагони  ҳокимияти иҷроияи маҳал ва бо ҷалби сокинон корҳои поксозии селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳо аз партовҳо ва ҳар гуна ифлосиҳоро роҳандозӣ карданд.

КҲФ: Се ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар. Аммо хатари тарма ҳамоно бартараф нашудааст!

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар се ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Чунончӣ, рӯзи 17-уми март дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон ва Ишкошими ВМКБ тарма омад ва муваққатан роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғобро баст. Дар ин тарма харобӣ ва дигар ҳодисаи нохӯш ба қайд гирифта нашудааст.

Барои бартараф намудани паёмадҳои ин тарма Вазорати...

COVID-19: Филиппин вуруди хориҷиён ба ин кишварро муддати як моҳ манъ кард

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин натиҷа расид, ки бо вуҷуди нигарониҳо аз сабабгори судда шудани он кишварҳои олам эмкунӣ бо воксани AstraZeneca зидди COVID-19-ро идома диҳанд.

Ширкати дорусозии Ҳиндустон Dr Reddy's Laboratories марҳилаи сеюми санҷиши воксани русии зидди КОВИД-19 «Спутник V»-ро ба анҷом расонд.

Мулоқот бо намояндагони Салиби Сурхи Байналмилал дар Раёсати Суғди КҲФ

Рӯзи гузашта Роҳбарияти Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳайати Намояндагии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) мулоқот кард. Дар вохӯрии мазкур сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина ба ҳайати Намояндагии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС)...