Covid-19: Президенти Қирғизистон Содир Жапаров худро зидди коронавирус эм намекунад

Иқтисоди ҷаҳонӣ бузургтарин таназзули худро дар 90 соли охир аз сар гузаронида, бо сабаби пандемияи коронавирус ба осебпазиртарин бахшҳои ҷомеа таъсир расонд.  Бино ба гузориши СММ, ки рӯзи панҷшанбе интишор ёфт, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор 10 таъхир хоҳад шуд.

Сарварони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор аст дар як нишасти онлайн мушкили камбуди воксан аз Covid-19 дар кишвраҳои аврупоиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Куба 25 март стратегия мубориза бо КОВИД-19-ро дар мулоқоти онлайни Форуми Сан-Паулу (FSP), ки афзудани муҳосираи ИМА дар авҷи ҳамагирӣ низ барарсӣ мешавад, пешниҳод хоҳад кард.

То 25-уми марти соли равон дар Италия 106 799 гирифторони коронавирус ҷон бохтаанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар аз ин беморӣ боз 460 нафар фавтидаанд, ки баробар ба як рӯзи қабл буд. Дар 24 соати гузашта 23 696 нафар (рӯзе қабл 21 267) олудаи ин вирус шуданд. 

Ироқ низ тасмим гирифт аз Русия воксани зидди коронавируси «Спутник V» харидорӣ кунад.  

Президенти Молдова Майя Санду рӯзи панҷшанбе баъди мулоқоташ бо сафири ФР Олег Васнетсов хабар дод, ки аз Русия хоҳиши дарёфти воксани "Спутник V" кардааст.

Ба Украина шаби 25-уми март аввалин бастаҳои воксани чинии  CoronaVac, ки ширкати дорусозии Sinovac омода кардааст, ворид карда шуд. Украина дар умум 2 миллион доза аз ин воксан фармоиш додааст ва бастаи аввал дар ҳаҷми 200 ҳазор доза ба Киев расид.

Шабонарӯзи гузашта дар Белорусия боз 1141 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст ва шумори мубталоён аз аввали ҳамагирӣ ба 314 993 нафар расидааст. 

Дар Русия шаби гузашта 9 221 мубталои нав сабт карданд. 

Қазоқистон гуфт, ки дар шабонарӯзи гузашта 1105 гирифтори навро сабт кардааст. 835 нафар шифо ёфтаанд ва 11 нафар фавтидаанд.  

Президенти Қирғизистон Содир Жапаров худро зидди коронавирус эм намекунад, чун зарурати инро намебинад. Дар ин бора рӯзи 25-уми март вазири тандурустии ин кишвар Алимқодир Бейшеналиев хабар дод.

Дар Ӯзбекистон дар як шабонарӯз 119 сироятшудаи навро ба қайд гирифтанд ва 1 нафар аз ин беморӣ фавтид.