Даричаи ошноӣ: Қисми ҳарбии рақами 45025

Қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 479 аз 27 ноябри соли 1999 ва фармони Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 062  аз 24 – уми декабри соли 1999 ташкил шудааст.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи худро оиди пойдории сохти конститутсионии мамлакат аз рӯи низомномаҳо ва фармону дастурамалҳо ба роҳ монда, дар як қатор чорабиниҳо фаъолона иштирок намудааст.

Вазифаҳои асосии  қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:

- кофтуков ва наҷоти одамоне, ки дар амалиёти ҷангӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар зери вайронаҳо дар биноҳо ва иншоотҳои харобгардида ва осебдида мондаанд;

- роҳандозии корҳои иктишофӣ, тиббӣ, гузаронидани чорабиниҳои табобатӣ, пешгирикунанда, беҳдоштӣ, зидди бемориҳои сироятӣ ва ғайра, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, ҳайати шахсии сохторҳо ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ аз рӯи нишондодҳои ҳаётӣ;

-рафъи садамаҳо дар хатҳои алоқа барои дастгирии алоқаи мустақим, ки идоракунии сохторҳо ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданиро таъмин мекунад, инчунин алоқа бо мақомоти идории болоӣ ва қувваҳои якҷоя амалкунанда;

- гузаронидани санҷиши таҷҳизоти кимиёвӣ ва радиометрӣ, ҷиҳати муайян намудани моддаҳои заҳролудкунандаи радиоктивӣ, тамрин ва аз назаргузаронии асбобҳои дозиметрӣ, воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, назорати ҳолати воситаҳои ҳифзи инфиродӣ, назорати ҳолати воситаҳои филтровентилятсионӣ ва гардиши ҳавои иншоотҳои муҳофизатӣ.

Соли 2005 дар шаҳри Панҷакент ва солҳои 2007-2011 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ дар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ҳангоми омадани сел ва обхезӣ фаъолона ширкат варзид.

Барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои хизматӣ дар вилоят, ки соли 2012 ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ дар бунёди иншоотҳои стратегии ҷумҳуриявии Нақби Шаҳристон иштирок карданд.

Ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ дар сафороии низомӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд фаъолона ширкат намуд.

Дар солҳои гуногун роҳбари қисми ҳарбии 45025–ро  подполковник Азизов Х, подполковник Обидов Ш, полковник Абдуллоев Н, полковник Миров С, подполковник Музайянов Ҳ, полковник Қурбонов И, полковник Иброҳимов И, майор Ҳалимов М. ба ӯҳда доштанд.

Айни ҳол қисми ҳарбии 45025 - ро подполковник Назарзода Фазлиддин Каримбек сарварӣ мекунад.

барчасп: