Рустам Назарзода ва Хидеки Танабе аз таҳкими ҳамкориҳо оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Тоҷикистон суҳбат карданд

Дар Кумита ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи Раиси кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сарвари тозатаъини Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) ҷаноби Хидеки Танабе баргузор шуд.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷаноби Танаберо ба муносибати таъин шуданаш ба ин вазифа муборакбод кард ва ба ҳамкориҳои муваффақонаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти коҳиши хатари офатҳо таъкид намуд. Раиси Кумита ҳамчунин ба меҳмон дар бораи корҳои анҷододашуда дар самти ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷа нақл кард.
Ҷаноби Танабе бо изҳори ташаккур аз пазироии гарм умедвор шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҷопон минбаъд низ таҳким хоҳад ёфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) дар самти коҳиши хатари офатҳо ва маҳз татбиқи амалии тарҳҳо оид ба коҳиши хатари офатҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ ва ҳуду аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон барарсӣ шуданд.
Дар хотима ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед карданд.