Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти боду ҳавошиносон  аз 21-ум то 23 марти соли 2017 дар қаламрави Тоҷикистон обу ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст, дар баъзе минтақаҳо боришҳои пуршиддат пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар маҳалҳои куҳӣ барфи тар меборад.
Дар ҳамин иртибот хатари боло рафтани сатҳи об дар дарёҳо, лағзиши тарма ва санг  дар роҳҳои куҳӣ, бахусус дар роҳҳои мошингарди  Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо эҳтиром аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бемаврид ва нозарур аз минтақа ба минтақаи дигар, бахусус ба манотиқи тармахел ва селрез ва рафтан ба шикор ё омода кардани ҳезум худдорӣ кунанд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои хатарноки куҳӣ ва манотиқе, ки эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад, масофаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.