Дарси омӯзишӣ барои атфол дар Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 6-8 мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 44 ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мавзуъи “Бехатарии кӯдакон ва наврасон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи айёми баҳорӣ” дарси омӯзишӣ баргузор шуд.
Мураббиён бо забон ва шакли барои бачаҳо фаҳмо суҳбати муфассале дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, аз қабили сел, обхезӣ, заминҷунбӣ, раъду барқ, сӯхтор, ярч  ва ғайра баргузор карданд.
Ҳамчунин наворҳои видеоӣ доир ба ёриҳои аввалини тиббӣ намоиш доданд ва дар мавзуъи ҳолатҳои фавқулодда озмуни тасвири беҳтарин гузарониданд.
Дар хотима ба хонандагоне, ки дар расмкашӣ ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол карда буданд, туҳфаҳо супурда шуданд.