Баррасии ҳамкориҳои ояндаи КҲФ ва Салиби Сурх дар мулоқоти генерал Назарзода ва хонум Шопп

17 – уми августи соли равон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари Намояндаи Созмони байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Ангелика Шопп мулоқот кард. 

Дар оғози вохӯрӣ Сарвари КҲФ аз робитаҳо ва ҳамкориҳои мавҷуда миёни Кумита ва Салиби Сурхи Байналмилал изҳори қаноатмандӣ кард ва ба хеле муҳим будани истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар оянда таъкид намуд. 

Раиси КҲФ ба хонум Шопп дар бораи офатҳои табиии ахиран дар кишвар рухдода ва корҳои анҷомдодашуда дар рафъи паёмадҳои ин офатҳо, кумакҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ маълумот дод. 

Ҳамчунин  масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо, вокунишҳо ба офатҳо, вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бар асари рӯйдодҳои охир, ҳамкориҳо дар мавриди огоҳонии аҳолӣ дар бораи хатарҳо ва таҳдидҳо, ҳамчунин омода намудани мутахассисони наҷотдиҳанда ва расонидани ёриҳои башарӣ мавриди суҳбат қарор гирифтанд. 

Дар охир ҷонибҳо ба ин хулоса расиданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳо миёни КҲФ ва Салиби Сурхи Байналмилалӣ ин имконро фароҳам хоҳад овард, ки дар оянда низ барои муқовимат ба таҳдидҳои нави ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ самаранок фаъолият кунанд. 

барчасп: