Заминларза бо қувваи аз 3 то 6 балл дар ноҳияи Ҷиргатол ба ду хона осеб расонд. Тибқи иттилои маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, имрӯз соати 09:47 дақиқа бо вақти Душанбе зарфи як соат ду такони шадиди замин ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила 265 километр шимолу шарқи Душанбе, дар марзи Т оҷикистон бо Қирғиистон буд. Тибқи хабари манбаъ қувваи заминҷунбии аввал дар маркази он 4-5 балл ва ларзиши дуюм дар марказ 6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Бино иттилои пешакӣ дар деҳаи С арғойи ҷамоати деҳоти Алғаи ноҳияи Лахш 2 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Барои муайян намудани ҳадди зарари расида ва кӯмак ба зарардидагон Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ноҳия фаъолият дорад.