Activities calendar

06 майи 2017

Дар Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда кӯдаконро роҳҳои наҷоти одамон омӯхтанд

Саду панҷоҳ нафар бачаҳо дар Маркази омӯзишӣ ва методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дарси наҷоти одамон дар вақти офатҳои табиӣ, расонидани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагонро омӯхтанд ва тамрин карданд.

5  - уми майи соли 2017 дар Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ташкилоти байналмилалии  «Добрососедство»  дарси омӯзишӣ дар мавзуъи “Амалҳои фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда” баргузор шуд.

Диду боздидҳо аз манотиқи офатзадаи Лахш: Таъкид ба ҷуброни зарар расида

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш ҳаҷми зарари расида аз заминларзаҳои ахирро муайян мекунад.

Ин Комиссия рӯзи гузашта, 5-уми май бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои омӯзиши вазъ, арзёбии зарари расида ва роҳандозии корҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои заминларзаҳои ахир  бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз ноҳияи Лахш дидан кард.