Аврупо бори дигар дар гирдоби Covid-19. Баританияи Кабир истифодаи аввалин дору зидди коронавирусро иҷозат дод

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клюг ҳушдор дод, ки ин минтақа дубора ба маркази авҷи коронавирус табдил мешавад ва зарфи се моҳи наздик дар ин ҷо боз ним миллион нафар эҳтимолан ҷони худро аз даст диҳанд. Сабаби инро ҷаноби Клюг дар он мебинад, ки сокинон ба таври кофӣ ваксина нагирифтаанд ва ин боис шуда, ки сироят дубора афзояд.

Ин шашумин ҳафта аст, ки шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар Аврупо меафзояд. Теъдои фавтидагон бошад ҳафтумин ҳафта аст, ки рӯ ба афзоиш овардааст. Дар айни замон ҳамарӯза дар кишварҳои Аврупо бештар аз 3600 нафар гирифторони ин беморӣ тарки олам мекнунад. 

Ҳоло кишварҳое чун Русия, Украина ва Руминия пешсафони рушди коронавирус дар минтақа шинохта шудаанд. 4-уми ноябри соли равон дар Русия 1195 ҳодисаи марг аз Covid-19 ба қайд гирифта шуд.  

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар Олмон низ шумори мубталоён ба коронавирус SARS-Cov-2 меафзояд.  Шабонарӯзи гузашта дар Олмон 35 662 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва 140 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар ин кишвар 4 697 673 сироят ёфтаву 96 763 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Субҳи имрӯз мақомоти Италия аз сирояти 4 788 704 ба коронавирус аз аввали пандемия хабар доданд ва аз ин беморӣ 132 283 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Британияи Кабир эълон кард, ки аз аввалинҳо шуда доруи нави зидди коронавирусро барои истифода иҷозат додааст. Ин дору, ки молнупиравир ном дорад, бештар ба гирифторони осебпазир навишта хоҳад шуд. 

Санҷишҳои клиникии ин дору нишон додааст, ки тақрибан то 50 дарсад хатарӣ бистарӣ шудан аз  Covid-19-ро пешгирӣ мекунад. Ин дору танҳо барои касоне иҷозати истифода дода мешавад, ки нав олудаи КОВИД-19 шудаанд. 

Шумори умумии гирифторон ба COVID-19 дар олам ба 249 миллиону 286 ҳазору 163 нафар ва фавтидагон 5 миллиону 44 ҳазору 038 нафар расидааст.

Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи сироят ва марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.