Маркази заминларзаи субҳи имрӯз ноҳияи Сангвор буд

Субҳи имрӯз тахминан соати 05:06 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза сабт шуд. Маркази заминларза  120 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе,  дар ҳудуди ноҳияи Сангвор буда, қувваи он дар марказаш 3  балл ва дар маркази ноҳияи Сангвор  2 баллро ташкил дод.

Ин замин ларза талафоти ҷониви хисороти дигар надоштааст.

Зарфи ду рӯзи охир ин дуюмин бор аст, ки дар Тоҷикистон замин такон мехӯрад.

Рӯзи гузашта низ соати 08:46 дақиқа дар қаламрави кишвар замин ларзид ва маркази он 120 километрии шимолу шарқи пойтахт, 44 километр шарқи ноҳияи Рашт буд.

Гуфта мешуд, ки қувваи ин зилзила дар маркази он 4 балл, дар водии Рашт 3 баллро ташкил дод.

барчасп: