Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ояндаи кишвар!

Имрӯз  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чун ҳамеша бо шавқи зиёд тамошо карданд. Паёми Пешвои миллат ҳамеша як раҳнамо барои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. 
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои маориф, иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Сарвари давлат, Пешвои миллат зимни ироаи паём қайд намуданд, ки соли 2021 бо рўйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Иттилоъ дода шуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.

Зимни тамошои дастаҷамъона ҳозирин изҳор намуданд, ки Паём ин раҳнамоест, ки бояд ҳар нафар, онро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳад. Онҳо  афзуданд, ки Паёми Пешвои миллат минбаъд аз ҷониби мо ба таври зарурӣ омўхта шуда, дар амалинамоии дастуру супоришҳои таъкидгардида, кўшиш ба харҷ хоҳем дод. Барои таъмини амният, тинҷиву осоиштагии кишвари азизамон ба Ватани азизамон содиқонаву софдилона хизмат хоҳем кард.

 

Шахзодабону Нуриддинзода