Сагҳо ва кӯдакон. Ишора ба чанд иштибоҳи волидон

Саг қабл аз ҳар чизи дигар посбони хонаву дар аст ва одамони зиёде ҳастанд, ки дар хона саг нигоҳ медоранд. Баъзе хонаводаҳое, ки кӯдаки хурдсол доранд, мехоҳанд саг дошта бошанд, чун дар филмҳо мебинанд ва дар китобҳо мехонанд, ки сагҳо дӯстони вафодору шафиқ барои тифлонанд. Вале зиндагии воқеъӣ на ҳамеша шабеҳи афсона аст. Волидон қабл аз он ки тасмим гиранд барои фарзандонашон саг дошта бошанд, дар фикри амнияти онҳо низ бояд бошанд.

Суҳбате, ки бо кинолог (сагшинос) Ҷамшед Иброҳимов-Сардори шуъбаи кинологии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доштем, паҳлуҳои дигари нигаҳдории саг дар хона ва муносибати он бо кӯдаконро нишон дод. Ӯ гуфт, волидон на ҳамеша ҷанбаҳои манфӣ ва эҳтимоли зараррасонии сагон ба кӯдаконро фикр мекунанд, дар ҳоле ки ин гуна ҳолатҳо метавонанд пеш оянд. Аксари падару модарон ба баъзе афсонаҳо дар мавридии дӯстии саг бо кӯдакон бовар мекунанд. Дар ҳоле ки дар ҳамон боварҳо низ риояи эҳтиёт зарур аст.

Ҳамсуҳбати мо ба ин назар аст, ки кӯдаконро танҳо баъди 2-3-солагӣ метавон бо саг ошно кард, на пеш аз ин. Ӯ мегӯяд, иштибоҳи аввали волидон дар он аст, ки онҳо бовар мекунанд, ки САГ ҲАМЕША НИСБАТ БА КӮДАКОН ХАЙРХОҲ АСТ. Аммо воқеъият чист?

- Оре, чунин ҳам ҳаст, ҳарчанд на ҳамаи сагҳо омодаанд бо кӯдакон дӯст бошанд. Сагҳои навъи колли, ретривери заррин, лабрадор, саги чӯпонии олмонӣ (овчарка) бо он шуҳрат ёфтаанд, ки бо тифлакон муносибати хуб доранд. Аммо шумо набояд фаромӯш кунед, ки саг ин ҳайвон аст. Вай метавонад баногаҳ бигазад, ҳарчанд ин гуна ҳодисаҳо хеле кам рух додаанд.   

Волидон дар ёд дошта бошанд, ки фарзандони хурдсолашон бояд бо саг зери назорати калонсолон бозӣ кунанд. Пеш аз он ки ба кӯдаки худ иҷозат диҳед, ки бо саг бозӣ кунад, аввал ӯро омӯзиш диҳед. Набояд сари сагро сила кард, чун дар аксар мавридҳо саг аз ин дар ҳарос меафтад. Аввал бояд ба саг имкон дод, ки дасти шумо ё тифлатонро бӯй кашад, сипас оҳиста метавон ба гардани вай даст бурд, баданашро сила кард, ламс кард.  

  • Оё дар ҳақиқат саг ҳамеша метавонад бо кӯдакон бозӣ кунад?

- На, чунин нест. Иштибоҳи дигар падарону модарон он аст, ки гумон мекунанд саг ҳамеша омода аст бо кӯдакон бозӣ кунад. Вале дар асл чунин нестҲолатҳое ҳастанд, ки саг мехоҳад танҳо бошад ва истироҳат кунад. Волидон бояд ин воқеъиятро ба назар гиранд ва ҳолати бозии кӯдаки худ бо сагро назорат намоянд. Талош кунанд аз ин бозӣ ҳарду лаззат баранд. Ба кӯдак фаҳмонанд, ки вақте саг хобидааст ва ё ғизо мехӯрад, ба вай даст нарасонад. Ва бо мисол боз фаҳмонанд, ки агар ӯ, яъне кӯдак низ хобида бошаду касе хобашро халалдор кунад, писандаш намеояд.  

- Оё дуруст аст, ки сагон ба таври ғаризӣ кӯдаконро ҳимоя менамоянд?

 - Ин воқеъият дорад, вале на ҳамеша. Сагони хонагие, ки бо кӯдакон одат кардаанд, аз садои баланди ногаҳонӣ, доду фарёд ва ҳаракатҳои берабт метарсанд. Аз ин рӯ, вақте шумо соҳиби кӯдак шудеду дар хона саг доред, аввал талош кунед онҳо бо ҳам унс гиранд. Маъмулан сагҳо навзодро мелесанд, бӯй мекашанд ва кӯдак худро дур мегирад, чун ба чунин муносибат одат накардааст. Агар дидед, ки саг хеле меҳрубон аст, аз ин истиқбол кунед. Агар саг бо кӯдак наздик бошад, назорат кунед, ки тифлатон баногаҳ аз мӯяш, дум ё гӯшаш накашад. Аз аввалин қадамҳои ошноии тифл бо саг муносибати меҳрубононаро таълим диҳед. Агар кӯдаки шумо аз саг метарсад, пас маслиҳат он аст, ки ӯро маҷбур накунед.

 Тибқи баъзе оморҳо 18% сагдорон аз ғурунгоси саг ва наврасро газидани вай шикоят мекунанд. Барои он ки чунин ҳодиса ба шумо ҳам рух надиҳад, бояд ба хурдсолон қоидаҳои муносибат бо сагро омӯзед.

- Одати дум ҷунбонидани саг оё нишони шодии ӯст?

- Ин фаҳмиш ҳам иштибоҳ аст. Он ҳамеша нишони шодии саг нест, балки баъзан саг дум аз он меҷунбонад, ки норозӣ будани худро изҳор дорад.  Пажӯҳишҳо нишон додаанд, ки агар ҷисми саг меҷунбад, забонаш берун оварда шудааст ва гирдогирди шумо мечархад, ин нишони хушнудии ӯст. Вале агар даҳонаш баста бошад ва бо ҷиддият ба шумо менигарад, пас дар ин ҳолат бояд аз вай дур буд. Ин ҳолатест, ки саг омода нест бо кӯдаки шумо бозӣ кунад. Пас чӣ бояд кард? Бо садо кардану даъвати вай шумо метавонед донед, ки ҳолати бозиву шодӣ дорад ё на. Агар номаш ё лақабашро гирифта даъват кунед ва ӯ хоҳишманди бозӣ бошад, ҳатман сӯи шумо медавад. Вале агар таваҷҷуҳ накард, пас оромаш гузоред, муддате бояд бо худ бошад, то даме, ки ҳолаташ тағйир ёбад. 

- Дар доираи ин мавзӯъ боз чиро метавонед бигӯед?

- Волидон бояд ба кӯдаконашон чанд нуктаи дигарро ҳам фаҳмонанд. Аз ҷумла ба онҳо гӯянд, ки ҳаргиз ба саги бегона бе пурсиши соҳиби вай наздик нашаванд.

  • Ҳаргиз давида назди саг нараванд, балки оҳиста-оҳиста ба вай наздик шаванд, ҳамеша аз пеш ва ё паҳлуяш  наздик шаванд, ҳаргиз коре накунанд, ки ба саг аз ақиб наздик оянд.
  • Ба фарзандонашон фаҳмонанд, ки ҳамеша пеш аз он ки ба саг даст расонанд, аввал имкон диҳанд, ки вай онҳоро бӯй кашад.
  • Ба кӯдакон гӯянд, ки ҳаргиз сари саги бегонаро сила накунанд, чун ин корро бояд фақат соҳибаш кунад, зеро саг ба ин одат кардааст. Онҳо метавонанд даст ба пушташ баранд.
  • Ба фарзандони худ фаҳмонанд, ки агар саг ба онҳо наздик шуд, бояд ором дар ҷойи худ қарор гиранд. Ҳаргиз аз пеши саг нагурезанд, ин метавонад боис шавад, ки ҳайвон аз ақиби онҳо давад ва ба зудӣ расонад.
  • Ба фарзандонашон фаҳмонанд, ки  ба саги бемор давида наздик нашаванд, зеро саги ҳорӣ барои ҳимояи худ метавонад якбора ҳамла кунад ва бигазад. Ва агар рафту газид, фавран ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кунанд ва ё девона будан ё набудани сагро аз соҳибаш пурсанд. Аммо ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. 

 

Суҳбати Б.Шафеъ.

 

БОЗ ДАР ИН БОРА: