Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Сармо дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон шабонарӯзи наздик дар қисмати бештари ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавои сард дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо то ба 10-15 дараҷа сард мешавад, дар баъзе минтақаҳо ин сардӣ то ба 17-22 дараҷа, дар шарқи ВМКБ 25-30 (дар ноҳияи Булункул то 48-50) мерасад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад: ҳангоми гарм кардани манзил қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя кунед, бо истифодаи асбобҳои зиёди барқӣ кори шабакаи барқро мушкил накунед.

ВА БОЗ ТАВСИЯҲОИ ДИГАР:

  • Дар хонаҳои истиқоматӣ бо вуҷуди будани системаи гармидиҳӣ аз рӯи эҳтиёт захираҳои гармидиҳанда бояд дошта бошед. 
  • Хонаҳоро гарм нигоҳ доред, чун ин ягона паногоҳи шумо дар рӯзҳои сард аст. Пеш аз паст шудани ҳарорати хона системаҳои гармидиҳии мустақилро фаъол кунед. Барои пешгирй кардани сӯхтор аз асбобҳои барқӣ ва обгармкунандаҳои дастсохт худдорӣ намоед.
  • Ҳангоми боди сахт зери дарахтон, пояҳои сустниҳоди рекломҳо, симчӯбҳои интиқоли қувваи барқ  наистед. Онҳое, ки дар деҳот ҳаёт ба сар мебаранд, бояд ғами бехатариву амнияти чорвои худро ҳам хӯранд, бояд захираи кофии ғизои чорво ҳам дошта бошанд. 

Роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Душанбе – Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб саҳаргоҳон ва субҳгоҳон ях мебанданд, ҷо-ҷо эҳтимоли ба вуҷуд омадани барфтӯда вуҷуд дорад, ҳамчунин эҳтимоли лағзиши тарма ҳам дар ин роҳҳо кам нест. 

КҲФ ба соҳибони мошинҳои шахсӣ тавсия медиҳад, ки сари вақт чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд. Ҳангоми ба сафар баромадан ҳатман бо худ бел, ресмону бандҳо, фонусҳо, халтаи қум, ғизои кофӣ барои муҳлати сафар дошта бошанд;

- доштани сару либоси гарм, гӯгирд ва дар обгармкун оби гарм ҳатмист;

- сари вақт дорухонаи шахсии худро дар мошин нав кунед, дар он доруҳои заруриро гузоред;

- қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддан риоя намоед, ҳангоми убур аз назди мактабҳо, ҷойҳои серодам, чорроҳаҳо, пулҳо суръати ҳаракатро суст кунед;

- ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фасилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунед, айни мошини худ ва мошини пеш фосилаи бештар гузоред, чун нигоҳ доштани мошин дар роҳҳои яхиву пурбарф мушкилоти худро дорад, ки шумо хуб медонед;

 

 - агар шумо то оғози сардиҳову барфу ях мошини худро омода карда натавонистед ва таҷрибаи кофии ронандагӣ дар чунин боду ҳаворо надоред, хуб мешавад аз сафар худдорӣ намоед;

- ҳамеша ба тавсияҳои КҲФ, ВКД дар бораи  маҳдуд шудани ҳаракат дар ин ё он роҳҳо диққат деҳд, огоҳиҳоро дар мавриди лағзиши тармаву резиши санг пайгирӣ кунед.

- шабонгаҳон ва ё рӯзона вақте ҳаво туману торик аст, ҳаракати худ дар роҳҳоро маҳдуд намоед.

АГАР МОШИНИ ШУМО ВАЙРОН ШУД ВА Ё ДАР ЯХУ БАРФ ДАРМОНД:

- то расидани кумак дар дохили мошин бимонед, ҳавои солони мошинатонро бо таҷҳизоти шамолдиҳанда тоза нигоҳ доред. Агар пай бурдед, ки дар атрофатон ҷабрдидагонанд, ҳатман ба онҳо ёрӣ расонед.

Ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода ва ё рӯйдоди нохӯш шумо метавонед ба телефонҳои зерин ба навбатдори фаврии КҲФ муроҷиат намоед:

  • Қисми навбатдории Кумита-112, 221-91-19, 223-13-11
  • Навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76
  • Навбатдори масъул дар ВМКБ – рамз 3522 тел: 24057, 22744
  • Навбатдори масъул дар вилояти Суғд - рамз 3422 тел: 51555, 57995
  • Навбатдори масъул дар вилояти Хатлон– рамз 3222 тел: 23505, 27827
  • Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб– рамз 3322 тел: 21656, 21657
  • Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт– рамз 3131 тел: 22374
  • Навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор– рамз 3139 тел: 26074

 

Кумита бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири роҳҳои кишвар, аз қабили Майхура дар минтақаи Варзоб ва 72 километрии шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ,   инчунин роҳи мошингарди Душанбе — Ванҷ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардааст.

КҲФ ҲУШДОР МЕДИҲАД: ҲУШЁР БОШЕДУ ДАР РОҲҲО ОҲИСТА МОШИН РОНЕД!

барчасп: