Шарҳи ду истилоҳ. Иқлими гумидӣ ва геоморфология

ИҚЛИМИ ГУМИДӢ (лот. humidus — намӣ) — иқлими сернам, пурнам. Иқлиме, ки намии бештар дорад ва дар он шумори боришоти атмосферӣ зиёд аст ва он намӣ ҳангоми бухор вориди хок мешавад. Ин боиси рушди фарсоиш (эрозия) дар табиати он макон мегардад. Дар ин гуна иқлим маъмулан рустаниҳои намидӯст хуб нашъунамо мекунанд.

Истилоҳи “иқлими гумидӣ” бори аввал аз ҷониби Албрехт Пенк ҳангоми таҳияи таснифоти геморфологии иқлимҳо ба кор бурда шуда буд.

Донишмандон то кунун ду навъи иқлими гумидиро мушаххас кардаанд: қутбӣ ва тропикӣ. 

ГЕОМОРФОЛОГИЯ

ГЕОМОРФОЛОГИЯистилоҳ тоҷикӣ тарҷума нашудааст. Дар форсӣ заминрехтшиносӣ гуфтаанд ва ҳам аз истилоҳи аслии он – геоморфология фаровон истифода шудааст. Асли истилоҳ аз юнонии γῆ «замин» + μορφή «шакл» + λόγος «дониш, илм» (анг: geomorphology) аст. Яъне, илм дар бораи релйефи сатҳи Замин, қаъри уқёнусу дарёҳо, пайдоиш, таҳаввул, қонунмандиҳои инкишоф ва нишонаҳои зоҳирии он аст. 

Геоморфология релйефи имрӯзаи геологиро ҳамчун натиҷаи инкишофи қаблии сатҳи Замин меомӯзад. Он дар заминаи равандҳои эндогенӣ ва экзогенӣ рушд ёфта, маълумоте, ки ба даст меорад, барои ҷустуҷӯи сарватҳои табиии зеризаминӣ, дар рафти ба нақша гирифтани иншооти саноатӣ, шаҳрвандӣ, ҳидроэнергетикӣ, роҳҳои оҳан ва мошинҳо, бандарҳои баҳрӣ, мураттабсозии ҳудудҳо, мубориза алайҳи эрозияи замин, ҷустуҷӯи конҳои маъданҳои филизӣ ва ғайрифилизӣ истифода мешавад.

ПИРОФОБИЯ ВА ПИРОМАНИЯ

Геоморфология ҳамчун илми мустақил дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ташаккул ёфт. Солҳои 70 ва 80 асри 19 олимон И. В. Мушкетов ва  Д. Романовский бори аввал дар ҳудуди Осиёи Марказӣ таҳқиқот анҷом дода, оид ба геморфология, палеонтология, петрография, тектоника ва сарватҳои табиӣ маълумот ба даст оварданд.

Дар таҳқиқи геморфологӣ дар Тоҷикистон олимон Б. Л. Личков, С. С. Шулс, А. Н. Промтов, О. К. Чедия ва В. В. Лоскутов, С. Ф. Машковсев, А. П. Марковский, Х. М. Абдуллоев, Ф. Ш. Раҷабов, С. М. Бобохоҷаев, Ғ. Т. Тоҷибоев ва дигарон саҳми бузург гузоштаанд.(Донишномаи озод).

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

ШАРҲИ ИСТИЛОҲ. Тайфун
ШАРҲИ ИСТИЛОҲ: ТӮФОНИ БАРФ Ё БАРФӢ
ОФТОБГИРИФТАГӢ ВА ШАРҲИ ИЛМИИ ОН