COVID-19: Мубталоён дар олам ба 397,5 миллион наздик мешавад. Дар Тоҷикистон боз 4 нафари дигар гирифтори нав сабт шудааст

Австралия ба боз кардани марзҳояш барои кулли касоне, ки зидди коронавирус худро эм кардаанд, омодагӣ мебинад. Ҳинд хабар дод, ки ваксинаи русии “Спутник Лайт”-ро пазируфтааст. Индонезия маҳдудиятҳои иҷтимоиро дар пойтахт, Ёва ва Бали таҳким мебахшад. Таиланд гуфт, ки барои барҳам додани баъзе маҳдудиятҳои эълоншуда талош хоҳад кард.

Ин аст чанд хабари тоза аз вазъи гирифторӣ ба коронавирус дар олам.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ахиран шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар кишварро 17351 нафар эълон кард. Ин манбаъ аз ифшои боз 4 нафар сироятшудаи нав дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Бино ба гузориши дафтари матбуотии вазорати тандурустӣ “аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17351 нафар гирифторони сирояти COVID-19  ба қайд ва аз ин шумора то санаи зикргардида 17203 нафар (99,1%) шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд”.  

 Ба иттилои Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз шумори гирифторон ба  COVID-19 дар олам ба 397 миллиону 430 ҳазору 717 нафар расидааст. Бар асари ин беморӣ  то кунун дар саросари ҷаҳон 5 миллиону  751 ҳазору 259 нафар ҷон бохтаанд. 

Ҳамоно кишварҳоои ИМА, Ҳинд, Бразилия, Фаронса, Британияи Кабир, Русия, Туркия ва Италия дар ҳаштгонаи давлатҳое мебошанд, ки аз ҳама бештар сироятшудагон доранд. 

Зиёдтар дар ИМА, Бразилия ва Ҳинд одамон қурбонии ин вируси кушанда шудаанд. 

Зарфи шабонарӯзи гузашта дар Русия 171 ҳазору 905 мубталои нав ба қайд гирифта шудааст ва 10 ҳазору 843 нафар бистарӣ шудаанд.   

Австралия аз ифшои 2 миллиону 084 ҳазору 227 нафар аз аввали ҳамагирӣ хабар дод. То кунун дар ин кишвар 14 ҳазору 246 нафар бар асари сироят ба Covid-19 фавтидаанд.  

Гурҷистон гуфт, ки дар як шабонарӯз 11 235 ҳодисаи нави сироятро кашф кардааст, 34 нафар фавтидаанд. Бино ба гузориши  Trend истинодан ба сомонаи гурҷии StopCov шумори гирифторон аз аввали ҳамагирӣ ба 1 миллиону 325 ҳазору 838 нафар расида, 15 ҳазору 246 нафар ҷон бохтаанд.  

Шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон 166 924 ҳодисаи сироят ба Covid-19 сабт шудааст ва теъдоди куштагони ин вирус дар Афғонистон ба 7 442 нафар расидааст.