Омӯзишҳои амалии ҳифзи аҳолӣ барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Хатлон

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа мустақар дар вилояти Хатлон шеваҳои ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табииро омӯзиш доданд.
Барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва хизматчиёни ҳарбии ду қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар қаламрави вилояти Хатлон дарсҳои амалии ҳифзи аҳолӣ бо номи  “Заминларза, боронҳои шадид, сел, обхезӣ, ярч ва лағзиши тарма” гузаронида шуд.
Дар ҷараёни дарсҳо оид ба амалҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ, объектҳои хоҷагидорӣ ва қаламрави вилоят ҳангоми таҳдид ва ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин ширкати сарбозон дар корҳои наҷот дар ҳолатҳои
фавқулодда маълумот пешниҳод шуд.
Ҳамчунин кормандони Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ба хизматчиёни ҳарбӣ дар бораи таърихи рушди мудофиаи гражданӣ дар Тоҷикистон ва вазифаҳои мудофиаи гражданӣ нақл карданд.