185 сол пеш дар ин рӯз. Ҳалокати беш аз 200 нафар дар киштии британиёии «Jane and Margaret»

185 сол пеш аз ин, 16 феврали соли 1837 киштии бодбондори британиёии «Jane and Margaret» дар наздикии ҷазираи Ман (анг. Isle of Man -воқеъ дар баҳри Ирланд, ки ҳудудан 86 ҳазор нафар аҳолӣ дорад) ғарқ шуд. Дар ин фоҷеаи мудҳиш бештар аз 200 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Мудҳиштарин ҳодисаи ғарқи об шудани киштиҳо дар таърихи башар, ки моҳи феврал иттифоқ уфтодаанд:

5 феврали соли 1805 киштии британиёии «Граф Абергавенни»  дар  об ғарқ шуд ва 263 нафар қурбонии ин фоҷеа буданд.

****    ****    ****

5 феврали соли 1807 дар ҷазираи Роригес (лот: Rodrigues –як ҷазираи худмухтори мутааллиқ ба Ҷумҳурии Маврикий) иртибот бо киштиҳои британиёии  «Blenheim» ва «Java» гум шуд. Дар ин фоҷеа 870 нафар ба ҳалокат расиданд. 

****    ****    ****

14 феврал дар наздикии ҷазираи  Тенедос киштии британиёии  «Ajax» оташ гирифт. Наздик ба 300 нафар ҳалок шуданд.

ТАРМАИ МОҲИ ФЕВРАЛ ДАР ҶАҲОН ВА ТОҶИКИСТОН 

6 феврали соли 1822 киштии чинии «Тэк Синг» ба як харсанг дар наздикии ҷазираи Бонгко (ҷазирае мутааллиқ ба кишвари Индонезия) бархӯрд ва 1600 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин дуюмин садамаи пурқурбонии киштӣ дар асри 19 баъди суқути киштии “Султоно” буд.

19 феврали соли 1841 киштии бодбондори амрикоии «Govener Fenner», ки аз Ливерпул ба Ню-Йорк мусофир мебурду меовард, дар наздикии соҳилҳои Албион бо дигар киштӣ бархӯрд ва ғарқ шуд. 122 нафар ҷон бохтанд.

****    ****    ****

26 феврал киштии британиёии «Биркенхед» баъди зарба ба санги бузурги зериобӣ дар наздикии димоғаи Умеди Нек ғарқ шуд. Аз 630 нафар 454 тан ҳалок шуданд.

****    ****    ****

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: