Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” хабар дод, ки роҳи Душанбе-Чанок то рӯзи дигар боз намешавад

Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран иттилоъ дод, ки ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ  то рӯзи дигар иҷозат дода намешавад. Дар хабаре, ки дафтари мтабуотии ин ширкат дар саҳифаи худ дар Фейсбук интишор дод, омадааст: “Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки имрӯз ҳаракати нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе- Чаноқ иҷозат дода намешавад. Тасмими мазкур дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати нақлиёт, БДА, ВКД ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда, ҳадаф таъмини бехатарии шаҳрвандон мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки барфу борони чанд рӯзи охир ҳаракати мошинҳоро дар роҳҳои кӯҳии кишвар ба мушкил рӯбарӯ кард.

Чунончӣ, рӯзи гузашта, 8-уми март тахминан соати 16:10 дақиқа дар километри 550-уми мавзеи Химбеҳкени деҳаи Пастхуфи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон тарма омад ва роҳро муваққатан баст.

Барои тоза намудани мавзеъи мазкур аз тарма 1-адад техникаи муҳандисии боркунаки фронталӣ аз МДНРА-и ноҳия сафарбар гардида, соати 17:30 дақиқа роҳ пурра аз тарма тоза карда шуд ва ҳоло ҳаракати мошинҳо аз ду самт аз сар гирифта шудааст.

Субҳи рӯзи 8-уми марти соли равон тахминан соати 11:30 дақиқа аз сабаби бориши барфу борон дар километрҳои 63, 66 ва 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ тарма сабабгори муваққатан баста шудани роҳ шуд. 

Барои тоза намудани роҳ аз тарма дар мавзеъҳои мазкур техникаҳои муҳандисии боркунаки фронталӣ аз ширкати IRS сафарбар шуда, соати 14:00 дақиқа роҳ боз ва ҳаракати мошинҳо ба роҳ монда шуд.

Ҳамзамон дар натиҷаи бориши барфи тар тахминан соати 17:33 дақиқа дар километрҳои 64-ум ва 72-юми самти роҳи Душанбе-Чаноқ тарма фаромада, роҳ муваққатан маҳкам гардид.

Барои тоза намудани тарма дар мавзеъҳои мазкур техникаҳои муҳандисии боркунаки фронталӣ аз ширкати IRS дар якҷоягӣ бо наҷотдиҳандагони Раёсати таъиноти махсуси кофтуков ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дидбонгоҳи мавзеи Майхӯра ва Уштур қарор доранд, сафарбар гардиданд. Тахминан соати 21:00 дақиқа роҳ  дар ин мавзеъҳо аз тарма тоза карда шуд.

Шаби 09.03.2022 тахминан соати 01:00 дақиқа дар километри 48-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ тарма омад ва роҳи автомобилгардро маҳкам намуд. Ниме аз аз тарма ба дарё сарозер шуд ва маҷрои дарёро ҳам баст.

Мавҷи пуршӯр то соати 02:14 дақиқа ғарами барфро рахна ва роҳи худро озод кард. Бо кумаки техникаи ширкати IRS паёмади тарма дар роҳ низ бартараф карда мешавад. Айни замон роҳи байналмиллалии самти Душанбе-Чаноқ аз ҳарду самт муваққатан баста аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳое, ки мехоҳанд ба самти Хуҷанд  сафар кунанд ва ё аз Суғд ба Душанбе, муддати то расидани хабари боз шудани роҳ сафари худро мавқуф гузоранд.

Расмҳо аз саҳифаи Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Фейсбук

барчасп: