Тумани заҳрогин дар осмони Деҳлӣ. Чаро ва аз куҷо он омадааст?

Тумани ғуборолуд ва ё маҳдуди заҳрогин пойтахти Ҳинд шаҳри Деҳлиро фаро гирифт. Бино ба гузориши созмони ҳавошингосии ин кишвар олудагии ҳаво 40 баробар бештар аз меъёрест, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ арзёбӣ мекунад. Мақомот мегӯянд зарфи чанд соли охир тумани заҳрогин барои ин шаҳри бузурги Ҳинд ҳамешагӣ шудаву тез-тез аз вуҷуди худ дарак медиҳад.

Сабаби ин бумани пурзаҳр дар моҳи ноябр ин ба оташ кашидани хӯшаҳои холии ҳосили ҷамъоваришуда дар минтақаҳо мебошад. Деҳқонон ин амалро ҳар сол тирамоҳ такрор мекунанд, то заминро барои ҳосили соли оянда омода созанд.  

Аммо ҳукуматдорон ин рӯйдодро қисман ба ҷаншни оташи Дивали алоақманд медонанд, ки ҳамасола дар чунин рӯзҳо дар саросари Ҳиндустон баргузор мешавад. 

Субҳи рӯзи панҷшанбе сатҳи PM2,5 – миқдори ҳиссачаҳое, ки қодиранд вориди хун шаванд, дар Деҳлӣ ба 588 микрограмм ба ҳар метри мукааб расид, ки ин 40 баробар бештар аз нишондоди Созхмони ҷаҳонии тандурустӣ мебошад.

Тибқи тавсияҳои СҶТ, ки соли 2021 эълон шуда буд, сатҳи рӯзонаи олудагии ҳиссачаҳои PM2,5 набояд аз 15 микрограмм ба ҳар метри мукааб зиёд бошад.

Ҳукуматдорони шаҳр гуфтаанд, ки ба сохтмончиён ҷубронпулӣ мепардозанд ва онҳо набояд аз хонаҳояшон берун шаванд ва сари кор ҳозир шаванд. Сокинон ба ин умеданд, ки чун солҳои гузашта мактабҳо низ таътил хоҳанд шуд. 

барчасп: