Дамабарф, барфкӯб, барфтӯфон, тӯфони барфӣ

БАРФТӮФОН (барфкӯб ё дамабарф, тӯфони барфӣ) низ аз намудҳои тӯфонест, ки бо суръати қобили таваҷҷуҳи бод мушаххас мешавад. Бо вазиши шадид тӯдаҳои  барфро аз замин ба ҳаво гардон мекунад. Шуъои он на чандон пурдомана аст ва метавонад арзи даҳҳо километрро фаро гирад.

Хуруҷи чунин туфон метавонад боиси тирагии фазо шавад, ки ба рафтуои одамону мошинҳо мушкил эҷод мекунад; он метавонад боиси садамаҳои мудҳиш шавад, ба хусус, агар чунин тӯфон дар роҳҳои пурпечутоби кӯҳсор рух диҳад. Фосилаи замонии он тӯлонӣ нест. Гоҳе чанд соат ва гоҳе ҳам чанд рӯз давом мекунад. Аммо ҳамчун тӯфонҳои баҳриву дигар буронҳо харобкор нест.

Шиддати бӯрону боди сахт боиси тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво мешавад. Коҳиши дамо ва бориши шадиди барфу боди сард сабабгори яхбандиҳо мегардад. Сутунҳои интиқоли барқ, пояҳои сустниҳоди рекломҳо, дарахтон ва ҳар гуна сутуни мухобиротиро мунҳадим мекунад. Яхбандон рафтуомад дар роҳҳои нақлиётиро мушкил месозад, ҳатто шояд муддате равуо дар ин гуна роҳҳо қатъ шаванд. Дар кӯҳҳо хатари лағзиши тарма ва дар дигар масир падид омадани куҳи азим аз анбуҳи барф ба вуҷуд меояд.

Ҳангоми чунин тӯфон имкон дорад, баъзе аз мардумони мусофиру касони дар роҳи сафар бедарак шаванд. Ба хусус онҳое, ки новобаста аз такиду ҳушдорҳо дар ин гуна ҳавои номусоид майл ба шикор ё чорвочаронӣ мекунанд, мехоҳанд ҳезум оранд... Чунин амалҳо хатарноканд ва мебояд аз онҳо худдорӣ кард.

Тӯфони барфӣ ё барфкӯб дар шароти Тоҷикистон рух медиҳад ва шоҳиди ин ҳолатҳо ҳам будаем. Аз ин бояд эҳтиёт кард.