Мулоқоти генерал Назарзода бо ҳайати Бюрои ёриҳои башарии USAID

5 апрели соли 2023 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генрал-полковник Рустам Назарзода ҳайати Бюрои ёриҳои башарии  USAID  бо сарварии Директори минтақавии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии он ҷаноби  Бен Хемингуэйро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои алоқаманд ба коҳиши хатари офатҳо  ва таъсири офатҳои табиӣ ба бачаҳо, омодагии сокинони минтақаҳои осебпазир ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ, ҳамчунин масоили вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим мавриди суҳбат қарор гирифт. 

Сарвари КҲФ аз густариши ҳамкориҳо миёни ду сохтор дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода изҳори назар кард. 

Дар мулоқот меҳмонон ба фаъолиятҳои КҲФ дар самти ҳимояи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода шинос шуданд ва дар бораи тарҳи ҳамкориҳои оянда суҳбат намуданд. 

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳо дар коҳиши хатари офатҳо ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида дар офатҳои табиӣ таъкид намуданд.