Баррасии омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар семинаре бо ширкати кормандони Хоҷагии манзили шаҳри Душанбе

Дар семинари якрӯза бо ширкати кормандони Хоҷагии комуналии пойтахт вазъи омодагӣ ба офоти табиӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

3 – октябри соли 2017 барои он зумра кормандони КВД Хоҷагии коммуналӣ ва манзил, ки ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ масъуланд, семинар баргузор шуд. Семинар аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд.

Дар ҷараёни он  ширкаткунандагон рафти иҷрои Қарори Ҳукумати кишвар “Дар бораи сохтор ва тартиби  амали Системаи ягона давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии  ҳолатҳои фавқулодда”-ро баррасӣ карданд.

Ҳачунин фаъолияти нуҳмоҳаи КВД Хоҷагии коммуналӣ ва манзил дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба мудофиаи гражданӣ ҷамъбаст гардиданд ва барои ислоҳи камбудиҳои дар ин самт ҷодошта муҳлат доданд. 

Ҳадафи аслии баргузории ин гуна ҷаласоту семинарҳо баланд бардоштани малакаҳо ва донишҳо дар самти мудофиаи гражданӣ дар миёни кормандони вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табии эҳтимолӣ мебошад.