Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолияти нуҳмоҳаро ҷамъбаст намуд

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти раёсати ҷонишини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ  ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда зарфи нуҳ моҳи гузашта баргузор шуд.

Дар ҷаласа роҳбарони ситодҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҳамчунин сарварони шуъбаҳои Ситоди  КҲФ дар вилояти Суғд ширкат карданд.

Дар ҷараёни ҷаласа рафти иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба сохторҳои дахлдор дар ҷаласаи Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 феврали соли 2017 ироа шуда буд, арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин дар ин маҷлис татбиқи иҷрои бахшҳои алоҳидаи  протоколи ҷаласаи  Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда мавриди барарсӣ қарор гирифт.

Қайд гардид, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят  чораҳои фаврӣ дар мавриди бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, бахусус наҷоти одамон, таъмини амният дар навоҳии хатарнок, фаъол нигоҳ доштани роҳҳо, таъмини ҳаракати беманоиати нақлиёт ва ҳифзи ҳама иншоотҳои муҳим аз хатароти эҳтимолӣ андешида шуданд. 

Ҳисоботи роҳбарони Раёсатҳои  беҳдошти замин ва обёрӣ, ҳифзи муҳити атроф, Муассисаи давлатии назорати роҳҳо шунида шуданд. Ҳамчунин дар бораи чораҳои андешидашуда оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент аз ҷониби сохторҳои салоҳиятдор масъала баррасӣ шуд.