Маркази заминларзаи шаби гузашта қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷиистон 4 октябри соли равон соати 03:31 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази ин заминҷунбӣ 7 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ буд. Қувваи заминларза дар маркази он 2-3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест. 
барчасп: