Имзои Ёддошти тафоҳуми дуҷониба дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Имӯз,  12 октябр дар остонаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин дар доираи татбиқи лоиҳаи  «DIPECHO X: Таҳкими иқтидори муқобилият бо офатҳои табиӣ ва тағйири иқлим дар сатҳи ҷомеаҳои шаҳр ва деҳот дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд” Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои дуҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи Ассотсиатсияи созмони байналмилалии ОКСФАМ дар Тоҷикистон имзо гардид. 

Ҳуҷҷати имзошуда ба таҳким ва рушди ҳамкориҳо, табодули таҷриба ва зарфиятҳо дар масъалаҳои вокуниш ба  ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, беҳбуд бахшидан ба  ҳамкориҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои мардум, истифодаи таҷрибаи мавҷуда оид ба коҳиши хатари офоти табиӣ, ҳамчунин такмили таҷрибаи сарварони ситодҳои ду вилоят дар татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳад кард.