Роҳандозии чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши офатҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ҷаббор Расулов

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар МТМУ-и 11 воқеъ дар ҷамоати Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо чорабинии фарогир бо ҷалби бештари донишомӯзон ва муаллимон баргузор карданд.

Ин чорабинӣ бар асоси Нақшаи чорабиниҳои умумии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Дар муассисаи таълимии ёдшуда 1871 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда машқҳои амалии наҷоти зарардидагони эҳтимолӣ дар офати табиӣ гузарониданд, ки дар он худи хонандагон низ ширкат карданд.
Ғайр аз ин ба ҷамъомадагон қоидаҳои бехатарӣ ва роҳҳои расонидани кумакҳои аввалия ба зарардидагон фаҳмонида шуданд.