Дар Минск чӣ гузашт?

Тавре хабар дода будем, 17-18 – уми октябри соли 2017 дар шаҳри Минск даҳумин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор шуд. 
Дар ин ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, роҳбарони хадамоти наҷоти Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Арманистон, Белорус, Федератсияи Русия, ҳамчунин  котиботи СПАД иштирок доштанд.

Дар ҷараёни ҷаласа ширкаткунандагон доираи васеъи масъалаҳое, ки ба рушди ҳамкориҳо бо мақсади таҳкими амнияти минтақавӣ равона шуда буд, мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Дар доираи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иштирокдорон дурнамои  ҳамкориҳои оянда бо созмонҳои байналмилалӣ барои истифодаи зарфиятҳои онҳоро баррасӣ карданд. 

Иштирокдорон Нақшаи ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои вазоратҳо ва идораҳои  давлатҳои узви СПАД дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар солҳои 2018-2020-ро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Ҳамчунин ширкаткунандагони ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо оид ба мусоидати мақомоти салоҳиятдори  давлатҳои узви СПАД дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2018-ро тасдиқ карданд.

Дар доираи ширкати худ дар ҷаласа Сарвари КҲФ як силсила мулоқотҳои дуҷониба бо ҳамкорон, аз  ҷумла бо вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия Владимир Пучков доир намуд.  Дар рафти ин мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия дар солҳои 2018-2019-ро имзо карданд. Ин нақша ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои манфиатбахши дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии  ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ  равона шудааст. 

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кори Маркази идории ҳолатҳои буҳронӣ ва институти фармондеҳӣ-муҳандисии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Белорус шинос шуд, ҳамчунин дар таълимгоҳи омодагиҳои тактикиву фаврии Донишгоҳи мудофиаи граждании ВҲФ дар омӯзиши густарда оид ба садамаҳои радиатсионӣ иштирок карданд. 

Қарор аст ҷаласаи навбатӣ ва ёздаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Ҷумҳурии Қазоқистон нимаи дуюми соли 2018 баргузор шавад.