КҲФ: Хатари лағзиши тарма то 14-уми феврал боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари гарм шудани дамои ҳаво аз 12 то 14-уми феврали соли 2024 дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳии минтақаҳои ёдшуда сафар накунанд. Дар чунин рӯзҳо роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, шикор ва моҳидорӣ низ маслиҳат нест.

Ба ронандагон лозим меояд ҳангоми ҳаракат дар ин роҳҳо фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд. Ҳар қадар мошинҳо дар фосилаи дур аз якдигар ҳаракат кунанд, ҳамон андоза амнияту бехатарии ронандагону мусофирон таъмин аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо беш аз ҳар вақти дигар эҳтиёт кунанд! 

барчасп: