Сафияхонро меҷустанд, вале ҷасади ду зани дигарро ёфтанд...

12-уми феврали соли равон дар ҷараёни ҷустуҷӯи ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзеъи ҷамоати деҳоти Ёва, ба тахмин як километр поинтар аз пули мошингузари Дӯстӣ, рӯбарӯи осоишгоҳи “Диёри Азиз” ҷасади як зани дигарро пайдо карданд.

Маълум шуд, ки ӯ истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Раҳмон Набиев, ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 30 сол доштааст. Бино ба гуфтаи хешовандонаш вай рӯзи 23-уми декабри соли 2023 аз хона баромада, дигар барнагашта буд.

Сабаби ғарқ шудани ин ҷавонзани 30-сола маълум нест.

9-уми ферали соли равон ҳамчунин вақти ҷустуҷӯи ноболиғи ёдшуда ҷасади як бонуи дигар пайдо шуда буд. Ӯ сокини кӯчаи Билол хонаи 47, ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 59 сол дошт.

Бино ба гузориши хешовандонаш марҳум 21 январи соли равон аз хона берун шуда, дигар барнагашт ва то кунун ҳама талошҳои пайдо кардани ӯ ба нокомӣ анҷомида буд.

Ҷасади ӯро ғаввосон соати 13:20 дақиқаи рӯи 9-уми феврал 700 метр поинтар аз пули Хитой, дар мавзеъи ҷамоати деҳоти Ёваи рӯди Сир пайдо ва ба мақмоти дахълдор супурда буданд.

Чуноне дида мешавад, ҷустуҷӯи ҷасади як ноболиғи гумшуда, сабаби пайдо шудани ду ҷасади дигар ва он ҳам тахминан дар як мавзеи рӯи Сир шуд.

Дар мавриди ноболиғ Сафия, ки ҷустуҷӯи он бидуни танаффус идома дорад, метавон гуфт, ки ҳанӯз ҳам дақиқ нест, ки оё ин духтари 9-сола дар об ғарқ шудааст ва ё ба сабаби кадом ҳодисаи дигар нопадид шудааст.  

Аммо ин умед аст, ки аз ҳама охир мемирад. Ҷустуҷӯ идома дорад. Ҳамагон ба умеди онанд, ки ин ноболиғ саранҷом зинда пайдо шавад.

барчасп: