Ҷашни 31-умин солгарди Артиши Миллӣ дар Суғд

23 феврали соли 2024 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсат  иштирок намуданд.

 Муовини сардори  Раёсат подполковник Кучаков Ҷамшед чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба заҳматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рузҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ, саҳми  Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини амнияти марзу буми кишвар, сулҳу субот, озодиву истиқлолият, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони кишвар инчунин дастовардҳои он сухан карда, афсарону прапоршикон ва хизматчиёнро аз номи Роҳбарияти Кумита ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрик намуд.

Бахшида ба 31 солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармоиши Раиси Кумита 7 нафар афсарони шуъбаву бахшҳои Раёсат бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуда, ба як яқатор афсарон  барои хизматҳои шоиста ва интизоми намунавиашон бо ифтихорнома  ҳавасманд гардонида шуданд.