(Дар ҳошияи эълон гардидани “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо”, ки санаи 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад)
Яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри XXI бо он рӯ ба рӯ гардидааст, тағйирёбии иқлими Сайёра ва обшавии захираи пиряхҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин тағйирёбии иқлим, ки бо баланд шудани ҳарорат ба гузариши раванди биёбоншавӣ, камшавии захираҳои об, обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Сайёра (аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), зиёдшавии миқдори ҳолатҳои фавқулода оварда расонидааст. Дар навбати худ ин ҳодисаҳо ба коҳишёбии захираҳои табиӣ ва сабаби мушкилоти зиёде дар фаъолияти меҳнатӣ ва иҷтимоии инсон шуда истодааст. Норасоии об, маҳсулоти ғизоӣ, фақр, муҳоҷирати экологӣ, мисоли ин ҳодисаҳо мебошанд.
Газҳои гулхонаӣ – сабаби асосии тағйироти муосири иқлим мебошанд. Дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории инсон, пеш аз ҳама сухтани сӯзишвории истихроҷшуда, рушди нақлиёти автомобилӣ ва буридани ҷангалҳо, консентратсияи чунин газҳо дар атмосфера, монанди гази карбон (CO2), метан (CH4) ва оксиди нитроген (N2O), ба дараҷаи баланди рекордӣ расид, ки ба афзоиши доимии ҳарорати миёнаи ҳавои замин таъсир расонида истодааст.
Тибқи маълумотҳои Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, ки манбаи бонуфузи иттилоот дар низоми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу ҳаво, иқлим ва об ба ҳисоб меравад, консентратсияи газҳои асосии гулхонаӣ - гази карбон, метан ва оксиди азот - дар соли 2021 боз ба сатҳи рекордӣ расиданд.
Афзоиши солонаи консентратсияи метан дар давраи мушоҳидаҳои дарозмуддат баландтарин буд. Маълумоти стансияҳои калидии мушоҳидаҳои ҳавои атмосферӣ нишон медиҳанд, ки сатҳи ин газҳои номбаршуда дар соли 2022 дар таркиби атмосфера афзоиш ёфтааст.
Ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ дар соли 2022 дар асоси арзёбиҳо тахминан аз 1,15 (1,02 то 1,28) °С болотар аз сатҳи миёнаи солҳои 1850-1900 ҳисоб карда мешавад. Эҳтимол аст, ки солҳои 2015-2022 яке ҳашт соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ бошад. Рекордҳои обшавии пиряхҳо дар кӯҳҳои Алпи Аврупо дар соли 2022 шикаста шудаанд. Дар тамоми қаторкуҳҳои Алп талафоти миёнаи ғафсии яхҳо аз 3 то 4 метр ба қайд гирифта шуда, ки ин назар ба рекордӣ қаблии соли 2003 хеле зиёд мебошад.
Пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ зиёд аст. Аммо, раванди тағйирёбии иқлим имрӯз барои ҳифзи пиряхҳо монеа гардида, боиси аз меъёр зиёд обшавии онҳо гардидааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз шумораи зиёди пиряхҳои дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то ба имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст. Ин дар ҳолест, ки то 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Таъсири тағйирёбии иқлим дар тамоми сатҳҳои системавӣ аён аст: ҷаҳонӣ, минтақавӣ, зерминтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ. Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партоби газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ночиз аст, аммо Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз ҷиҳати тағйирёбии иқлим осебпазир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин обшавӣ ва коҳишёбии пиряхҳои марбут ба тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон ташвишовар аст, зеро пиряхҳо ва захираҳои барфи Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои об мебошанд. Яке аз калонтарин пирях дар Осиёи Марказӣ пиряхи Гармо мебошад. Пиряхи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, солҳои охир таҳти фишори тағйирёбии иқлим қарор гирифтааст.
Соли 2021 дар пиряхи мазкур охирон маротиба корҳои илмию тадқиқотӣ аз тарфаи мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ гузаронида шудааст.
Аз рӯи тадқиқотҳои гузаронидашуда дар давоми 30 соли охир (1991-2021) забонаи пиряхи Ғармо ба ҳисоби миёна 6,3 км ақиб нишастааст, ки суръати миёнаи обшавии он 210 м/солро ташкил медихад.
Таъсири тағйирёбии иқлим ба низоми гидрологии дарёҳои кишвар таъсир расонида, мувофиқи пешгӯиҳои мутахасисони соҳа дар навбати аввал сарфи миёнаи солонаи оби дарёҳое, ки ғизогириашон аз пиряху барф аст, эҳтимолан то солҳои 2050-2060 дар натиҷаи ҳарорати баланд рӯ ба афзоиш гашта, баъдан камшавии обнокӣ мушоҳида гардад.
Эҳтимолият аст, ки афзоиши хавфи бавуҷуд омадани обхезӣ ва селҳо вобаста ба боришоти шадиди борон зиёд гардад.
Ҷиҳати мусоидат намудан ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, хусусан босуръат обшавии пиряхҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар рӯзномаи ҷаҳонӣ пешниҳодҳо менамояд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дастгирӣ меёбанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар моҳи марти соли 2021 дар ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки коҳишёбии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Дар ҷаласаи зикршуда Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.
Хушбахтона, рӯзи 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, 153 кишвари узви СММ пазируфтанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар ба табъ расонид.
Алаккай панҷум ташабус аст, ки доир ба масъалаҳои об, иқлим ва пиряхҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод мешавад ва кишварҳои аъзои СММ онҳоро тарафдорӣ менамоянд. Ташаббуси панҷум, яке аз ташаббусҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар асоси қатъномаи мазкур пешниҳодҳои ироашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатҳои аъзои СММ дастгирӣ карданд, аз ҷумла:
- эълон гардидани 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;
- эълон шудани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;
- дар назди СММ таъсис додани “Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо”;
- дар соли 2025 доир намудани “Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе”.
Пешниҳодҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ ироа мегарданд, ба паст гардонидани хавфи офатҳои табиӣ, идоракунии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт аз ҷумла, кишоварзӣ, хоҷагии об, энергетика, ҳифзи пиряхҳо ва нақлиёт мусоидат хоҳад намуд.
Ҳадафи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гузоштани аҳамияти пиряхҳо ва зарурати чораҳои фаврӣ оид ба коҳиши обшавии пиряхҳо, зиёдшавӣ ва камшавии дар рӯзномаи ҷаҳонӣ ва пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавии пиряхҳо ва таъсири густурдаи он тавассути амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии сиёсат мебошад.
Конфронс бо мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи қатъномаҳои СММ дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 2025” ва “Даҳсолаи амал дар илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034”-ро дастгирӣ мекунад. Он ба пурзур гардонидани ҳамкорӣ байнӣ давлатҳо, олимон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор бо таваҷҷӯҳ ба густариши ҳамкориҳои фаромарзӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо мусоидат хоҳад кард.
ИКРОМЗОДА ҶАЛОЛУДДИН ИКРОМ, сардори Шуъбаи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Раёсати ҳифзи шаҳрвандии Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майор.