Семинари омӯзишӣ дар Раёсати Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси Нақшаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷиҳати гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ оид ба муаррифии Барномаи “Омода намудан ва омӯзонидани донишҷуёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда”, “Барномаи тайёр намудани аҳолии машғули кор набуда оид ба амал намудан дар ҳолатҳои фавқулодда” ва Дастурамали таълимӣ (Маслиҳатҳои амалӣ) “Амали кормандон ва кӯдакони муасисаҳои томактабӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда”, инчунин таҳия намудани лоиҳаи нақшаи пуррагардонӣ барои соли 2026 бо шахсони дар самти омӯзиш машғулбудаи шаҳру ноҳияҳо ва кормандони марказҳои таълимӣ-методӣ бо дастгирии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе рӯзҳои  11-13-уми  ноябри соли 2025 дар Маркази таълимӣ-методии Раёсат бо иштироки 20 (бист) нафар мутахассисони Раёсат, мутахассисони курсҳои байниноҳиявӣ, сармутахассисон ва мутахассисони шуъба ва бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Гулистон, Бустон, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Истиқлол, Исфара, Деваштич, Куҳистони Мастчоҳ аз тарафи масъулини Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита семинари омӯзишӣ ташкил намуд.

Тибқи Ҷадвали гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ дар     давоми се рӯз аз ҷониби муовини сардори Маркази ҷумҳуриявии таълмӣ-методии Кумита, подполковник Хокирозода Шуҳрат ва  сардори бахши тайёрии махсуси Маркази ҷумҳуриявии таълмӣ-методии Кумита подполковник Сулаймонов Ғайрат доир ба Барномаҳову Дастурамали  зикргардида машғулиятҳо гузаронида шуд.

13-уми ноябр дар рафти семинари омӯзишӣ баромади намояндаи Маркази таълимӣ-методии Раёсат ва курсҳои байниноҳиявии шаҳрҳои Панҷакенту Конибодом оид ба натиҷаҳои омӯзиши мазкур ва корҳои иҷрошуда шунида шуд.

Баъдан дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ   шунавандагон бо Шаҳодатнома сарфароз гардонида шуданд.

Мақсади гузаронидани машғулиятҳои таълимии мазкур дар он мебошад, ки шунавандагон бояд меъёри зарурии маҳорату малакаи корбариро аз худ карда, имконияти банақшагирии дурусти тадбирҳои омузгорӣ, дар мавридҳои зарурӣ нишон додани наворҳои мувофиқ, презентатсияҳо ва дигар талаботҳоро моҳирона роҳбарӣ карда тавонанд, ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани   самти омӯзиш дар шаҳру ноҳияҳо чораву тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Маликзода Диловар, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати КҲФ дар вилояти  Суғд, подполковник

барчасп: